ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Фев 02 2017

Нафиса Асадуллоевна, ки дар курси 1-и Донишгоҳи Давлатии Данғара бо баҳои аъло таҳсил мекард, рӯзи 18.01.2017 аз ошёнаи 5-ум худашро партофтааст. 1 манбаи мӯътамад ба СССР гуфт, ки Нафиса оиладор буд ва ҳангоми таҳсил карданаш ягон мушкилӣ надошт, шартномаи маблағашро сари вақт супорида, аз 6 имтиҳон 4 тоашро бо баҳои хуб супорида буд. Маҳбуба Амиршоева-муовини раиси н.Данғара афзуд, ки оилаи хушдоманашро хуб медонистам, бениҳоят оилаи намунаанд, ягон мушкилӣ дар оилаи хушдоманаш набуд. Ба қавли ӯ, кормандони прокуратура ин ҳодисаро тафтиш доранд.

Баҳодур Уроқов СССР Хатлон

 

Душанбе, Янв 30 2017

Дирӯз дар ҳудуди ноҳияи Хуросон,  дар ҷамоати деҳоти Фахробод ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес бенз» мошини хешро идора карда натавониста ба ҷарӣ парида рафт. Дар натиҷа 5 нафар ҷон бохтанд. 

1 манбаи мӯътамад ба мухбири СССР гуфт, ки сабаби садама пойгаи 2 автомашина будааст, ки бо суръати баланд ҳаракат намуда, ҳатто ба дастури кормандони БДА ва милитсия дар дидбонгоҳ наистодаанд. Вобаста ба ин садамаи марговар тафтишот оғоз шудааст.

 

Баҳодур Уроқов, СССР, в. Хатлон

 

Ҷумъа, Янв 27 2017

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ мегӯяд, ки дар соли сипарӣ гардида аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 145 ҷинояти коррупсионӣ содир шудааст, ки аз он 57 ҷиноят ба вазорати корҳои дохилӣ, 20 ҷиноят ба вазорати адлия, 15 ҷиноят ба Кумитаи андоз, 12 ҷиноят ба вазорати мудофиа, 15 ҷиноят дар КДАМ, 6 ҷиноят ба Гвардияи миллӣ, 11 ҷиноят ба ҳокимияти судӣ, 2 ҷиноят ба мақомоти прокуратура, 3 ҷиноят ба Агентии назорати маводи нашъаовар ва 4 ҷиноят ба Хадамоти гумрук рост меояд.

Чуноне ки Сулаймон Султонзода, роҳбари Агентии номбурда дар нишасти хабарии хеш рӯзи 27.01.2017 иброз дошт, аз тарафи зертобеони ӯ дар ин муддат 209 адад ҷиноят дар самти ғайриқонунӣ ҷудо намудани, истифода ва фурӯхтани заминҳо аз тарафи шахсони мансабдор ва дигар субъектҳои ваколатдор ошкор карда шудааст.

 

СССР

 

Сешанбе, Янв 24 2017

Аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 30 нафар ноболиғону ҷавононе, ки шабона дар интернет-кафеҳо ба ҳар гуна бозиҳои дорои хусусияти зӯроварӣ машғул буданд, ба шуъбаи милитсияи н. Сино оварда шуданд. Дар ҳузури волидон ва омӯзгорони мактабҳояшон бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбат ба падару модаронашон санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Нисбат ба чанд нафар моликону соҳибони интернет-кафеҳо, ки бидуни доштани иҷозатнома барои пешниҳоди бозиҳои дорои хусусияти зӯроварӣ фаъолият мекарданд, санадҳои дахлдор тартиб гашт. Дар ин бора ба мухбири СССР аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд.

Бино ба иттиллои манбаъ, кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ-маърифатӣ дар самти пешгирии омилҳои номатлуб миёни насли наврас, аз қабили оворагардии ноболиғон ва таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пайваста тадбир меандешанд. 

Аз ҷумла, дар мулоқоти мақсадноке, ки аз тарафи кормандони ин бахши мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гузаронида шуд, ҳолатҳои зиёди ба корҳои беҳуда машғул будан ва шабона дур аз оила қарор доштани ноболиғону ҷавонон муайяну ошкор карда шуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, зимни баргузории чунин вохӯрии мақсаднок дар ҳудуди ноҳияи Сино, далелҳои зиёди то 1 поси шаб ба корҳои беҳуда ва бозиҳои компютерӣ машғул будани 1 гурӯҳ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ошкор карда шуданд.

 

СССР

 

Душанбе, Янв 23 2017

Имрӯз президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои зертобеи он як қатор тағйироти кадрӣ ворид намуд.

Ҷумъа, Янв 20 2017

Дар вилояти Хатлон дар 1 сол, 1 тоннаю 617 кг 604 гр маводи мухаддира содир шудааст, гуфт зимни нишасти матбуотӣ З.Сайфуллозода-сардори Раёсати Агентӣ назорати маводи нашъаовари назди Президент дар вилояти Хатлон. Ӯ гуфт, ки тибқи ҳисоботҳо ҳоло дар қайди маркази бемориҳои нашъамандӣ 1450 нафар нашъамандон,ки 18 нафари онҳо занҳоянд ва 249 нафар истеъмолкунандагони мавдҳои нашъаоваранд. Мусодираи героин-8 кг 150гр, афюн-271 кг 632 гр, ҳашиш-825 кг 958 гр, бангдона-511 кг 864 гр, мусодира гардидааст, ки нисбати соли гузашта 442 кг, 308 гр кам мебошад.

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон

 

саҳ 58 аз 83

Китобҳо

Flag Counter