Чуноне ки сомонаи расмии www.prezident.tj хабар медиҳад, генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилӣ озод карда шуда, ба вазифаи сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон таъин гашт.
Инчунин, полковники милитсия Назарзода Носир Ҷобир ба вазифаи сардори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума – ба вазифаи сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Қаҳҳоров Ҳабиб Абдураҳимович ба вазифаи сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, полковники милитсия Табарзода Валиҷон Саид ба вазифаи сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, полковники милитсия Маҳмадризо Ҷамшед Маҳмадулло ба вазифаи сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, полковники милитсия Саидзода Раҳматулло Аҳмад ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Варзоб ва полковник Ҷабборзода Музаффар Абдусамад ба вазифаи командири Полки моторикунонидашудаи махсуси милитсияи қисми ҳарбии 5453-и Қушунҳои дохилии ВКД таъин карда шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ таъингардидаро ба хизмати содиқона, садоқат ба давлату миллат, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва муқовимат бо коррупсия таъкид намуд.
Дар иртибот ба авзои ноороми баъзе кишварҳои минтақа ва ҷаҳон Пешвои миллат таъкид намуданд, ки манфиатҳои давлату миллат - бахусус ҳаёти осоишта ва суботу оромиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
СССР