ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Июл 28 2016

Корманди Шӯъбаи БДА-и шаҳри Душанбе Боймурод Эшматовро, ки дар байни ҳамкорон бо тахаллуси «Путин» машҳур буд, имрӯз дар қабристони деҳаи Боғпарвари ноҳияи Шаҳринав ба хок супориданд. Тахаллуси «Путин»- ро ҳамкорон ва тамоми кормандони мақомоти қудратӣ ба Боймурод Эшматов ба хотири хеле ҳам монанд будан ба президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба ӯ дода, бештар бо ин тахаллус садо мекарданд. Дар байни ронандагону намояндагонип дигар сохторҳои нақлиётии пойтахт низ Боймурод Эшматов бо ин ном шинохта шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки корманди ШБДА-и РВКД ҶТ Боймурод Эшматов дирӯз пас аз зӯҳр аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес» ҳангоми назорат дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе пахш мешавад ва дар беморхонаи ёрии таъҷилӣ ҷон медиҳад. Аз Боймурод Эшматов 5 фарзанд боқӣ монда чанде пеш дар арафаи Рӯзи таъсисёбии БДА-и кишвар ба ӯ рутбаи подполковникро медиҳанд.

СССР

 

Сешанбе, Июл 26 2016

Имрӯз, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои зертобеи он 1 қатор тағйироти кадрӣ ворид намуда мутобиқи он сардорони раёсатҳои сохтории Вазорати корҳои дохилӣ ва шӯъбаҳои зиёди он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар иваз карда шуданд. 

Аз он ҷумла, полковники милитсия Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон ба вазифаи сардори Раёсати нозироти ташкилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда ба ҷойи ӯ полковники милитсия Рамазонзода Сӯҳроб Кароматулло ба вазифаи сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Сӯҳроб Рамазонзода то ба имрӯз сардори Шӯъбаи ба қайдгирӣ ва шиносномадиҳии ВКД ҶТ буда ҳамакнун сиёсати кадрии вазоратро ба пеш хоҳад бурд.

Бино ба иттиллои сомонаи расмии ВКД ҶТ, полковники милитсия Тавурзода Абдураҳмон Ғафур ба вазифаи сардори  Шӯъбаи №1 ВКД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, полковники милитсия Юнус Бобозода Назар ба вазифаи сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ҶТ, подполковники милитсия Назархудозода Нозим Тошбек ба вазифаи сардори Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, полковники милитсия Зикриёзода Ҷурахон Гадохоҷа ба вазифаи сардори Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ, подполковники милитсия Ҳайдарзода Шералӣ ба вазифаи сардори Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбе, полковники милитсия Қаноатзода Иматшо Зиёратшо ба вазифаи сардори Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, подполковники милитсия Холиқзода Баҳодур Одинахуҷа ба вазифаи сардори Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон, подполковники милитсия Имомбердизода Гулбек Худомун ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, подполковники милитсия Баҳриддинзода Қиёмиддин Низомиддин ба вазифаи сардори Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон, полковники милитсия Боймаҳмадзода Музаффар Қурбон ба вазифаи сардори Сармаркази  иттилоотӣ – таҳлилии ВКД ҶТ, полковники милитсия Ашӯрзода Абдуҷалил Халил ба вазифаи сардори Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Роғун, подполковники милитсия Толибзода Бахтиёр Ҳабибулло ба вазифаи сардори Шӯъбаи  ВКД дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ, полковники милитсия Ғуломзода Суҳроб ба вазифаи сардори Шуъбаи  ВКД дар ноҳияи Шаҳринав, подполковники милитсия Раҳимзода Файзулло Изатулло ба вазифаи сардори Шӯъбаи  ВКД дар ноҳияи Нуробод ва полковники хизмати дохилӣ Азизуллоев Зиёдулло Амонуллоевич ба вазифаи сардори Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғи ВМКБ таъин гардиданд.

СССР

 

 

Сешанбе, Июл 26 2016

Дар нимсолаи аввали соли 2016 дар ҷумҳурӣ 701 - нафар шахсони беному нишон гумшуда ба қайд гирифта шуда аз ин теъдод 418-нафарашон дарёфт карда шуда, 283 - нафари дигар дар кофтукоб боқӣ монданд.

Бино ба иттиллои Набиҷон Исозода, сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии ВКД ҶТ, 

дар самти ошкор намудани ҷиноятҳои солҳои пешин ва бо мақсади аз ҷазо дур намондани ашхосе, ки қаблан даст ба ҷиноят заданд, ҳамзамон ҳимояи ҳуқуқи ҷабрдидагон дар ин муддат аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 464 ҷиноят ошкор карда шуда то имрӯз бошад беш 26 ҳазору 386 ҷиноятҳои солҳои пешин нокушода боқӣ мондааст. 

Барои дастгир намудани ашхоси ҷинояткор, ки дар кофтуков қарор дошта, ки дар байни шаҳрвандон пинҳон гаштаанд ва хавфи содир кардани ҷиноят аз ҷониби онҳо аз эҳтимол дур нест, дар нимсола 942 нафар ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта муайян ва дастгир карда шуданд. 

СССР

 

Сешанбе, Июл 26 2016

Дар соли равон дар ҷумҳурӣ 599 ҳодисаи нақлиётӣ, ки 165 ҳолати он садамаи марговар мебошад, ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷа 202 - нафар ҳалок  ва 609 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.

Душанбе, Июл 25 2016

Нисбат ба 2-корманди заминсози ҷамоати деҳоти «Кӯлоб»-и ноҳияи Кӯлоб, ки дар фурӯши замин айбдор дониста шудаанд,  аз ҷониби кормандони оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия парвандаи ҷиноятӣ ба анҷом расида, ба суд  ирсол ёфтааст. Ҷомӣ Ашурзода, як корманди оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб гуфт, аз ҷониби кормандони ҳамин оҷонсӣ дар нимсолаи аввали имсол боз 2-тан аз  маъулини ҷамоати Ғалаба ва Гулшани ноҳияи Фархор бо ҷурми савдои қитъаи замин барои бунёди манзили зист боздошт гаштаанд. Дар ҳамин ҳол, сар аз аввали сол оҷонсии мазкур дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб 110-ҷинояти хусусияти коррупсионӣ доштаро ошкор намудаанд, ки зарари иқтисодии расонидашуда зиёда аз 1-милёну 300-ҳазор сомониро ташкил медодааст. Аз ин ҳисоб, беш аз 970-ҳазор сомонии зарар ба фоидаи буҷа барқарор гардонида шуд.

Аслиддин Достиев,

СССР, Кӯлоб

 

Ҷумъа, Июл 22 2016

Дар муддати 6 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби камераҳои назоратии «Шаҳри бехатар» 160 ҳазор далели қонувайронкунӣ ба қайд гирифта шуда аз ин рақам 100 ҳазор ҳолат аз ҷониби мутахассисони РБДА-и кишвар дида баромада шудааст. 

Маблағи умумии ҷаримаҳои «Шаҳри бехатар» дар 2 соли охир беш аз 64 миллион сомониро ташкил дода айни замон кормандони БДА танҳо дар он қитъаҳое машғул ба коранд, ки дар онҷо камераҳои назоратӣ насб карда нашудаанд. Дар ин бора ба хабарнигорон Маҳмадсаид Саидзода, сардори Раёсати БДА-и ВКД ҶТ рӯзи 22.07.2016 хабар дод.

СССР

 

 

 

 

саҳ 69 аз 83

Китобҳо

Flag Counter