Чуноне ки Маҳмадсаид Саидзода, сардори РБДА ВКД ҶТ мегӯяд, сабабҳои асосии ба вуқӯъ пайвастани садамаҳои нақлиётӣ ва бархӯрии онҳо дар роҳҳои мазкур, пеш аз ҳама ин аз тарафи ронандагон риоя нагаштани талаботҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла баланд намудани суръати ҳаракати нақлиёт, баромадан ба самти муқобили ҳаракат, вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ, истифодаи нодурусти таҷҳизотҳои равшанидиҳанда ба ҳисоб мераванд.
- Аксари ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштирок ва гуноҳи ҷавонон, бинобар сабаби надоштани малакаи ронандагӣ, беандешагӣ, густохию худсарӣ ва ба ҷони худу дигарон раҳм накардан, ба вуҷуд меояд, таъкид медорад сардори РБДА ВКД ҶТ.
Дар натиҷаи гузаронидани 1 қатор санҷишҳои мақсаднок дар ин муддат 564 далели истифодаи нақлиёти давлатӣ ба манфиати шахсӣ, 2150 ҳолати аз меъёри муқарраршуда зиёд истифодаи намудани нақлиёт дар тӯйю маъракаҳои арӯсиву домодӣ ва 324 ҳолати бо автомашинаҳои шахсӣ ба дарс омадани донишҷӯён ошкор карда шудааст.
СССР