ХАБАРИ ДОҒ

Ҷозеф Вотел ба Собирзода, Умаров ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ чӣ гуфт?

  • Панҷшанбе, Июн 16 2016

Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Мутаҳиддаи Амрико генерал Ҷозеф Вотел бо мақсади вохӯрӣ бо раҳбарони баландмақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Сафорати ИМА дар ҷумҳурӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. 

 

Чуноне ки ба мухбири СССР аз дафтари матбуоти сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Ҷозеф Вотел дар чаҳорчӯбаи барномаи кории хеш бо президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  генерал-майор Эмомалӣ Собирзода , ноиби раиси КДАМ-и ҶТ, генерал-майор Мансурҷон Умаров ва муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ вохӯрда 1 қатор масъалаҳои муштаракро роҷеъ ба амнияти минтақа ва ҳамкории мунтазами ИМА ва Тоҷикистон арзёбӣ намуд.  

Зимни вохӯриҳои сатҳи баланд генерал Вотел таъкид намуд, ки дартӯли 25 соли ҳамкориҳои муштарак ИМА ва Тоҷикистон ба давраи пешрафт, ки он ба раванди табаддул дар Тоҷикистон ва баъдан ба суботу ободӣ ва шукуфоӣ дар Осиёи Марказӣ саҳм ва мусоидат намудаст, метавонанд назар кунанд. Кӯшишу талоши муштараки ИМА ва Тоҷикистон дар соҳаи ҳарбӣ асосан ба масоили амнияти марзӣ, мубориза алайҳи терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир равона карда шудаанд.

Беш аз 2 даҳсола ҳамкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ идома ёфта, ҳамзамон ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд. Аз соли 1992 то ин ҷониб Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона, ки ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, соҳибкорӣ, тандурустӣ ва маориф, васоити ахбори оммаи мустақил ва ҷомеаи шарҳвандӣ равона карда шудаанд, ба Тоҷикистон ҷудо намудааст.

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter