Шавҳараш Мирзораҳимов аз соли 1998 то моҳи январи соли 2016 соле 1 бор ба ш.Кросноярски Федератсияи Русия рафта ба мардикорӣ машғул шуда, аз ин ҳисоб зиндагиашро пеш мебурд. Бори охир солҳои 2015-16 ба ҳамсараш тавассути Бонки Рушди Иқтисод маблағ ба миқдори 348,000 рубли русӣ фиристодааст. Бар замми ин маблағҳо, Саломат моҳи майи соли 2013 бо роҳи фиреб ва бо мақсади ба даст овардани маблағи калон ба боварии шаҳрванд Собирова Ҳамробӣ Сафарҷоновна сокини ш.Қурғонтеппа, куч.Борбад-17, хонаи №42 даромада, аз ӯ маблағи $3500-ро бо асъори миллӣ гирифта, ваъда додааст, ки баъди 1 ҳафта бармегардонад. Боз моҳи январи соли 2014 назди номбурда, ки қаблан ба бовариаш даромада буд, рафта, бо роҳи фиреб маблағи $3000 гирифта, бовар мекунонад, ки охирҳои декабри соли 2014 бармегардонад. Саломат кирдорҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, январи соли 2016 ба Собирова ҳуҷҷатҳои хонаи истиқоматиашро пешниҳод намуда, барои минбаъд аз бонк маблағ гирифта қарзҳояшро пурра пардохтан боз ба боварии ӯ даромада, такроран 17,000 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш истифода бурда, бо ин кирдораш ба номбурда ба миқдори калон зарар расонидааст. Мавсуф кирдорҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, рузҳои 25 ба 26.10.2014 бо роҳи фиреб ва бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт, ба боварии шаҳрванд Ибронова Баҳринисо Хоҷаевна, сокини ш.Қурғонтеппа, куч.Навруз 32, хонаи №14, даромада такроран, ба маблағи $2500 бо асъори миллӣ гирифта, ваъда додааст, ки баъди 1 ҳафта бармегардонад, лек ӯ пулҳои бо қаллобӣ аз Ибронова ба даст овардаро ба манфиати шахсияш истифода бурда, бо кирдори ҷинояткоронааш ба номбурда зарари ҷиддӣ расонидааст. Маблағи бо роҳи қаллобӣ ҷамъкардаи ӯ $26.000-ро ташкил медиҳад. Ҳамсари ӯ, Мирзохоҷа барои муайян кардани маблағҳое, ки ҳамсараш пинҳонӣ аз ӯ гирифта буд, бархурдор шуда, сабабашро мепурсад, вале посухи аниқ нагирифта, моҳи феврали соли ҷорӣ тариқи мусулмонӣ ҷавобашро дода, костюми худро гирифта, тарки хонаву дар намуд. 8.05.2016 Саломат фарзандонашро ба хешу табораш, ки дар н.Бохтар ва ш.Қурғонтеппа қарор доштанд, насупорида, балки ба деҳаи М.Горкий, ба шаҳрванд Ҷалилов Ҷаббор Исмоилович, ки гуё фарзанди калониаш бо фарзанди ӯ дар ФР якҷо мардикор будаанд, монда, худ ба ш.Москваи Русия фирор намуд. Вобаста ба кирдору ҳаракатҳои қаллобона ва ба Русия рафтани ӯ шавҳараш Мирзохоҷа огаҳӣ ёфта, гуё барои қарзҳои ҳамсараш ӯро ҷавобгар ва дастгир мекунанд. Ӯ 11.05.2016 соатҳои 02:30 дақиқа дар дарахти зардолуи хонаи истиқоматии бародараш Мирзораҳимов Шарифхуҷа, воқеъ дар деҳаи Орҷоникидзе, ҷамоати деҳоти Заргари н.Бохтар овезон намуда, даст ба худкушӣ мезанад. Вобаста ба ин ҳолат санаи 19-20.05.2016 нисбати Саломат аз ҷониби прокуратураи н.Бохтар бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои “а,в” ва 247 қисми 3 банди “а” КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда худи ҳамон рӯз дар асоси талаботи моддаҳои 91-94 КМҶ ҶТ дастгир шуда, чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шуд. Айни ҳол тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дошта, бо он қарори ниҳоӣ қабул мегардад.
Баҳодур Уроқов
СССР Қӯрғонтеппа