ХАБАРИ ДОҒ

Кушодашавии Дидбонгоҳи воҳидоти махсуси ВКД дар Язгулом

  • Душанбе, Июн 27 2016

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Дидбонгоҳи воҳидоти махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ мавриди истифода қарор дод.

 

Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, дидбонгоҳи мазкур дорои 7 ҳуҷраи корӣ, 20-ҷойи хоб ва муҷаҳҳаз бо тамоми шароитҳои ҳозиразамон, аз қабили телевизор, кондитсионер, таҷҳизоти техникӣ, воситаҳои алоқа, ошхона, ошпазхона ва дигар шароти моддӣ-маишӣ мебошад.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо ҳайати шахсии Дидбонгоҳи воҳидоти махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Язгулом вохӯрӣ доир намуда, ҷиҳати мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter