Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии ҶТвобаста ба қазия сарбози Қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ, ки шаби 14 ба 15-уми июни соли ҷорӣ аз ҷониби ҳамхизматонаш мавриди шиканҷа қарор гирифта бо зӯрии онҳо шишаву сӯзан хӯрда дар бемористон бистарӣ шуд, гуфт, ки қазияи мазкур зери назари шахсии ӯ буда тафтишот аз тарафи Прокуратураи ҳарбӣ идома дорад ва пас аз ба итмом расидани он, гунаҳкорон ҳатман муҷозот хоҳанд шуд.
- Ин қазия хеле даҳшат аст, аммо муттаассифона, ҷой дорад ва бояд қайд кунам, ки сарбоз шишаву сӯзан не, балки болту гайка хӯрдааст. Аз ҷониби табибони дармонгоҳи ВКД ҶТ Хуршед Аминовро 2 маротиба аз муоинаи пурра гузарониданд ва ӯ ҳоло худро хуб эҳсос мекунад, - таъкид дошт Рамазон Раҳимзода.
СССР