ХАБАРИ ДОҒ

Рамазон Раҳимзода: «Ба Маркази зидди терроризм ниёз дорем!»

  • Ҷумъа, Июл 22 2016

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии ҶТ зимни нишасти матбуотии имрӯзааш, ки ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти милитсия дар нимсолаи аввали соли 2016 бахшида шуда буд, таъкид намуд, ки таъсиси Маркази зидди терроризм тақозои замон буда имрӯз мақомоти қудратии мамлакат фаъолияти чунин марказро хеле лозим мешуморад.

- Ба ВКД ва КДАМ-и ҷумҳурӣ дастур дода шудааст, барои таъсиси Маркази зидди террористӣ чораҳои мушаххас андешида фаъолияти минбаъдаи онро тарҳрезӣ намоянд. Ин Марказ дар асоси ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Чин дар бахши ҳарбӣ бунёд ёфта фаъолияташро барои пешгирии ҷиноятҳои характери экстремистӣ дошта ва терроризм дар кишвари мо равона хоҳад кард. – афзуд Рамазон Раҳимзода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма.

Бояд қайд намуд, ки аз 368 нафар шахсоне, ки тайи 6 моҳи охир бо иттиҳоми эсктремизму терроризм дар Тоҷикистон боздошт шудаанд, 155 нафар ба узвияти равия ғайриқонунии «Салафия», 133 нафар барои пайвастан ба Давлати Исломӣ ва 18 нафар барои ҳамроҳ шудан ба ҳаракати «Бародарони мусалмон» ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter