Дар арафаи ҷашнгирии 25-солагии Истиқлолияти ҶТ мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ корро аз рӯи реҷаи пурзӯр шурӯъ мекунанд, ки ин ба ҳуҷуми мунтазами "Толибон" дар ҳамсоякишвари Афғонистон ва ҳамчунин фаъол шудани ҷангиёни "Давлати Исломӣ" дар Тоҷикистон вобаста аст. Охири моҳи июл ВКД ҶТ изҳор дошт, ки дар давоми ним сол дар кишвар 4 кӯшиши ҳамлаи террористии "Давлати Исломӣ", пешгирӣ карда шуд. Аз ҷумла, ҷангиён мехостанд биноҳои маъмуриро таҳти назорати худ гирифта тарконанд. Дар баробари ин дар ҳамсоякишвари Афғонистон бошад, руз то руз террористони гурӯҳи тундрави "Толибон" беш аз пеш фаъол мешаванд…