Ҳадаф аз лоиҳаи мазкур муборизаи якҷояи кишварҳои аъзои Интерпол аз минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ мебошад.
Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии кишвар зимни суханронии хеш дар ин ҷаласа таъкид намудааст, ки бо назардошти вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа, таҳдиди ҷиноятҳои муташаккили замони муосир ба кишварҳои дунё нақш ва аҳамияти ташкилоти байналмилалии «Интерпол» ва лоиҳаи «Калкан» аз ҳарвақта дида бештар гардида истодааст. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои аъзоро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ бо ҷиноятҳои хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм, савдои одамон, гардиши ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва маводи нашъадор, дигар зуҳуроти номатлуби нигаронкунандаи ҷомеаи имрӯза муборизаи беамон баранд.
- Осиёи Марказӣ минтақаест, ки кишварҳои он сарҳади мураккаб ва роҳҳои пурпечутоб доранд. Аммо, дар баробари муҳимияти равуои нақлиётию боркашонӣ, ин риштаи байниминтақавӣ ҳамчун интиқоли силоҳу муҳоҷирати ғайриқонунӣ, маводи нашъадор ва ҳамчунин гузаронидани ҷангҷӯёни ба гурӯҳҳои терористию экстремистӣ шомилшуда аз як минтақа ба минтақаи дигар истифода мешавад. Бо рушди равандҳои ҷаҳонишавӣ фаъолияти ташкилотҳои террористию экстремистӣ низ хусусияти трансмиллӣ пайдо карда истодааст, ки хатари он ба амнияти кишварҳои дунё таҳдид мекунад. Ташкилоту гурӯҳҳои хусусияти террористию экстремистидошта, аз қабили «Ал-Қоида», «Ҷундулло», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ансоруллоҳ», «Толибон», «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ан-Нусра», «Гурӯҳи 24», ҳаракати динии «Салафия», «Ҳизб-ут-Таҳрир», Ҷамоат-ул-Исломӣ», «Бародарони Мусулмон», «Лашкар-ут-Тайиба», Гурӯҳи исломӣ, ҷамъияти «Таблиғот» ва дигарон кӯшиш доранд, дар як ҷабҳа вазъияти ҷамъиятӣ-сиёсии минтақаро халалдор созанд. Бинобар ин, кишварҳои минтақа бояд механизми ҳамкориро коркард намоянд, ки он ҳаракат ва интиқоли ҷангҷӯёнро ба минтақаҳое, ки дар он ҷо амалиётҳои ҷангӣ мераванд, пайгирӣ карда тавонад. Лоиҳаи "Калкан", ки аз ҷониби Котиботи генералии Интерпол роҳандозӣ шудааст, дар мубориза бо терроризм дастгирии муҳим ва саривақтӣ мебошад. Ин лоиҳа аз намунаҳои беҳтарини ҳамкориҳои байналмилалии политсия дар самтҳои гуногун ба ҳисоб меравад. Роҳҳои ҳаракати террористон аз масъалаҳои муҳими баррасишавандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои дунё мебошад, ки оқибати ҷиноятҳои даҳшатборро дар худ дорад, -
гуфтааст Рамазон Раҳимзода дар баромади хеш.
СССР