ХАБАРИ ДОҒ

Боз 1 куштори ваҳшатнок дар Истаравшан

  • Ҷумъа, Сен 23 2016

Санаи 22.09.с.2016, тахминан соати 11:00-дақиқа, марди 47-солаи сокини шаҳри Истаравшан дар хонаи истиқоматии хешихуд, бо  ҳамсари 26-солааш ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 17 маротиба ба узвҳои бадани завҷааш задааст.

Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медихад, дар натиҷа зани ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини  ҷисмонӣ ба ҳалокат мерасад. Айни замон гумонбари ҷинояти куштор аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад. 

Бояд қайд намоем, ки дар муддати 1 ҳафтаи охир ин 2-юмин хабари куштори ваҳшатнок дар ин шаҳр буда дар оғози ҳафтаи равон мақомоти милитсияи шаҳри Истаравшан ҷавонзанеро боздошт намуд, ки дар куштори 2 кӯдаки хурдсол даст дорад. Гумонбаршаванда шаҳрванд Мавлудаи Зиёдулло, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан дар 1 ҳолат писари хоҳаршӯй ва дар ҳолати дигар духтарчаи бародари худро, ки 1,5 ва 2 сола буданд, бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст.

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter