08.10.с.2016 зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, корманди яке аз ошхонаҳо дар ноҳияи Шаҳристон ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.
Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, гумонбаршуда, рӯзи 07.10.с.2016, тахминан соати 22:40-дақиқа, дар ҳавлии ошхона, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 42-солаи ҳамдеҳа ва ҳамкори худ ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда як маротиба ба қафаси синааш задааст. Дар натиҷа, марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
СССР