ХАБАРИ ДОҒ

 

А.Сафозода-судяи суди вил.Хатлон ба Лутфуллоев Оятулло Нуруллоевич бо моддаи 3073, қисми 2-и КҶ ҶТ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 5  сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзур таъин кард. Дар сӯҳбат бо СССР мавсуф қайд намуд, ки Оятулло (с.тав.25.09.1984), зодаи ш.Қӯрғонтеппа, соли 2003 ба факултаи технологияи информатсионии Академияи муосири гуманитарии Россия ва Тоҷикистон дохил шуда то курси 2 таҳсил кардааст. Соли 2005 бинобар сабаби вазъи оилавиаш аз давом додани таҳсил дар донишгоҳи мазкур даст кашидааст. Моҳи июли соли 2009 бо даъвати арусшавандааш Тагаева Ирана Мирзошоевна, соли таваллудаш 1984, миллаташ тотор, ба шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия рафтааст. Бо Ирана то моҳи январи соли 2010 дар шаҳри Қазон зиндагӣ намудааст. Сипас, ӯ оид ба тарзи либоспушии аврупоӣ, нанушидани нушокиҳои спиртӣ ва сигоркашии Тагаева эрод мегирифтааст. Ин ба Тагаева писанд намеомад, аз ин сабаб ӯ аз Тагаева ҷудо шудааст. Оятулло феврали соли 2011 ҳангоми қарор доштанаш дар ҳудуди ш.Ростови Федератсияи Русия ба сифати муҳоҷири меҳнатӣ бо яке аз пайравони фаъоли ташкилоти экстремистии “Салафия” Нарзулло ном шаҳрванди Ҷумҳурии Доғистони Федератсияии Русия, ки шиносоӣ пайдо карда, оид ба тарзҳои ба ҷо овардани рукнҳои дини Ислом суҳбатҳо доир намудаанд. Минбаъд дар вохуриҳои доиргашта бо мақсади зиёд кардани ҳамақидаҳои худ дар ҳудуди яке аз масҷидҳои маркази ш.Ростов Нарзулло дар назди Лутфуллоев ғояҳои ифротии ташкилоти экстремистии “Салафия”-ро таблиғ намуда, бо ин роҳ ба шуур ва иродааш таъсири ғоявӣ расонида, ба ӯ намозхониро тибқи қоидаҳои ташкилоти номбурда, ки хилофи мусулмонони мазҳабии Тоҷикистониён аст, омузонидааст. Пас аз оғоз намудан ба чунин фаъолият ва қабул намудани ақидаи ифротии мазкур Лутфуллоев аз ҷониби Нарзулло барои аъзо шудан ба ташкилоти экстремистии “Салафия” ҷалб мегардад. Моҳи ноябри соли 2014 Лутфуллоев аз Русия ба зодгоҳаш ш.Қурғонтеппа баргашта, аз мақсадҳои ҷиноии худ даст накашида, кушиши пеш бурдани фаъолияти ташкилоти “Салафия”-ро, ки тибқи Ҳалномаи Суди Олии ҶТ аз санаи 8.12.2014 ҳамчун ташкилоти экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти он дар ҳудуди ҷумҳурӣ манъ шудааст, намудааст. Чунончӣ, судшаванда Лутфуллоев аз рӯзи омаданаш ба Тоҷикистон ва то дастгир шуданаш дар масҷиди ҷомеи ба номи “Абдулло Бобонов”-и куч.Ҷалилови ш.Қӯрғонтеппа намозҳои худро аз руи қоидаҳои ташкилоти номбурда бо роҳи паҳн гузоштани пойҳояш ва гузоштани дастҳояш дар зери қафаси синааш хонда, таваҷҷуҳи намозгузоронро ба пешбурди чунин фаъолияти манъшуда равона намуда, оид ба ин масъала бо имомхатиби масҷид Маҳмадҷонов Қурбоналӣ Маҳмудович баҳсҳои беасос намудааст. Ба ғайр аз ин, дар рафти омода ба маъракаҳои азодории марҳум падари худ, Лутфуллоев моҳи январи соли 2016 ба Толибов Тоир Раҷабалиевич, Юсупов Фарҳод ва Ризомов Абдураҳмон Исломиддинович, оиди нагузаронидани  маъракаҳои “серӯзагӣ”, “бист”, “чил” ва “сол” амри маъруф намуда чунин маъракаҳоро бидъат намудааст, таваҷҷуҳи онҳоро ба пешбурди чунин фаъолияти манъшуда равона намудааст.

15.03.2016 дар натиҷаи азназаргузаронии хонаҳои истиқоматии Лутфуллоев воқеъ дар суроғаи ш.Қурғонтеппа, куч.Дустии Халқҳо, бинои №6, ҳуҷраи №1 китобҳои зерин: 1.«Зиёрати қабрҳо»; 2.«Фолнома» дарёфт ва гирифта шудаанд. Тибқи хулосаи комиссияи коршиносон оид ба ташхиси давлатии диншиносӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вил.Хатлон июли соли 2016 адабиёти динии бо номи “Зиёрати қабрҳо” муаллиф Муҳиддини Муҳаммад бо тарҷумаи Шаҳобиддини Солеҳ ба равияи экстремистӣ-террористӣ буда, тарғибкунандаи ақидаи ташкилоти “Салафия” аст. Ҳамзамон, тахминан марти соли 2016 якчанд маротиба имомхатиби масҷиди кучаи Ҷалилови ш.Қӯрғонтеппа Маҳмадҷонов Қурбоналӣ ба тарзу усули намозхонии ӯ эрод гирифта қайд намудааст, ки “тарзу усули намозгузориатро ба монанди пайравони мазҳаби Имоми Аъзам намо, чунки ту ғайри мазҳаби Имоми Аъзам намоз хонда истодаӣ ва миёни мардум фитна ва ихтилофот намуда истодаӣ”. Бинобар сабаби миёни намозгузорон ихтилофот нашудан ғайр аз намози пешин ва намози ҷумъа дигар намозҳояшро дар хонаи истиқоматиааш ба мисли пайравони равияи «Имом Шофеӣ» мехондааст. Суннати намози ҷумъаро ӯ дар хона мегузорад, чунки пайғамбар суннати намозро дар хона мегузоштааст, намози пешин ва ҷумъаро бошад дар масҷиди куч.Ҷалилови ш.Қӯрғонтеппа мегузорад. Тибқи иттилооти расмӣ дар вил.Хатлон зиёда 30 нафар аъзои “Салафия”-ро боздошт ва аз озодӣ маҳрум сохтанд.

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter