ВКД ҶТ аз боздошти зане ба гумони даст доштан дар ҷалби одамон барои истисмор хабар дода гуфтааст, ки 3 ноябр дар пайи амалиётҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 1 зани 34-солаи сокини н.Зафаробод дастгир шуд, ки дар ҷалби одамон ба истисмор гумонбар дониста мешавад. Ин зан 2 тан аз занонро, ки яке 19-сола, сокини ш.Хуҷанд ва дигаре 21-сола аз Истаравшан мебошанд, барои машғул шудан ба фоҳишагӣ ба шаҳри Дубайи Аморати Араб даъват кардааст. Ин занон 1 ноябр ҳини сафар аз Фурудгоҳи ш.Хуҷанд бозпас гардонида шуда, ҳамакнун нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи идома дорад. Боздошти ин зани тоҷик ба хотири ҷалби одамон ба истисмори шаҳвонӣ дар ҳолест, ки дар 1 моҳи пеш Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) гуфта буд, ки дар 11 соли ахир ҳудуди 700 шаҳрванди Тоҷикистон мавриди хариду фурӯш қарор гирифтаанд, ки бештари онҳо занону духтаронанд. Бино ба маълумоти СБМ дар ш.Душанбе, дар муддати солҳои 2005-2016 мавориди қочоқ ва тиҷорати инсон дар Тоҷикистон ба таври муназзам афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ 679 шаҳрванди кишвар ба унвони қурбонии тиҷорати инсон расман сабт шудаанд.