Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии кишвар ба диққати шаҳрвандон, алалхусус, ронандагони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҶТ аз 19 ноябри соли равон пастшавии боду ҳаво ва боришоти зиёди барфу борон дар қаламрави кишвар дар назар дошта шудааст. Аз ин рӯ, аз тамоми ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки воситаҳои нақлиёти худро барои истифодабарӣ ба фасли зимистон омода намоянд. Инчунин ба ронандагони воситаҳои нақлиёте, ки тавассути ағбаҳо ва минтақаҳои мушкилгузар ҳаракат мекунанд, тавсия дода мешавад, ки таҷҳизоти иловагии зиддилағшиш, яъне занҷир, болиштаки зиддилағшиш, аломати исти садамавӣ бо худ дошта бошанд. Хуб мешуд, ки бе зарурат иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ дар ин рӯзҳо ба сафар набароянд.
СССР