18 ноябри соли 2016 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дохили дафтари ҶДММ «Азия-Сет» ҳангоми азназаргузаронӣ 753 адад телефонҳои мобилии гуногунтамға, ки ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ, бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ворид карда шудаанд, дарёфт ва гирифта шуд.
Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки Директори генералии ҶДММ «Азия-Сет» шаҳрванд Б.Ҳ., соли таваллудаш 1971 қасдан даст ба содир намудани ҷиноят зада, тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори калон молу маҳсулотро пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ё бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ворид намудааст.
Бино ба иттиллои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, номбурда тахминан аз моҳи майи соли 2016 то миёнаҳои моҳи ноябри соли 2016 аз шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ба воситаи фурӯдгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе шахсан ва ба воситаи мусофирони шахсияташон номаълум тариқи нақлиёти ҳавоӣ ва боркашон аз самти шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон миқдори зиёди телефонҳои мобилии гаронарзишро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қочоқ ворид намуда, онҳоро дар дафтари ҶДММ «Азия-Сет», воқеъ дар кӯчаи Рудакӣ-85-и шаҳри Душанбе пинҳон намуда, баъдан 1 қисми онҳоро дар мӯҳлатҳои гуногун ба шаҳрвандон ғайриқонунӣ ба фурӯш баровардааст. Арзиши гумрукии телефонҳои мобилӣ 1 миллиону 824 ҳазору 841 сомониро ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳаракатҳои Б.Ҳ. ва дигарон ба давлат зарари калони моддӣ расонида шудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса нисбати Б.Ҳ. ва ҳамроҳонаш бо моддаи 289 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст.
СССР