ХАБАРИ ДОҒ

Боз 1 нафар аз тюрмаи Хуҷанд гурехт

  • Ҷумъа, Нояб 25 2016

1 нафар зиндонӣ-Носири Амонуллохон, сокини 26-солаи шаҳри Исфара, аз тюрмаи №3/3-и ш.Хуҷанд фирор карда, амалиёти боздошти ӯ ҳанӯз ҷараён дорад. Ин ҳодиса 24 ноябр сар задааст. Тибқи сарчашмаҳо Носир, сокини ҷамоати Навгилем бо қарори додгоҳи ш.Исфара бар асоси моддаи 248-и Кодекси ҷиноӣ, барои ғоратгарӣ 11 сол суд шуда буд: “Айни ҳол ҷузъиёти фирораш омӯхта мешавад. Ҳамзамон амалиёт барои боздошти маҳбуси фирорӣ идома дорад”.

Дар 5 моҳи охир ин ҳодисаи 2-уми фирор аз зиндони №3/3-и Хуҷанд аст. Ёдрас мешавем, ки моҳи июн аз ҳамин маҳбас Рамзуллохон Дадохонов, Ҳабибҷон Юсуфов ва Мирзозариф Қаюмов талоши фирор карда буда, ҳини фирор Ёрмамад Алимамадов, сардори бахши назорат ва тарбият дар ин маҳбасро бо корд кушта буданд. Аммо аз фирориҳо Мирзозариф Қаюмов дар задухӯрд бо зиндонбонҳо ба ҳалокат расида, Ҳабибҷон Юсуфов захмӣ ва билофосила дастгир шуд. Танҳо Рамзуллохон Дадохонов тавонист, аз девори бетонии симхорпечи маҳбас берун ҷаҳида, фирор кунад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter