ХАБАРИ ДОҒ

Абдулваҳҳоб Искандарзода: мардум бояд ҳамкориро бо сохторҳои қудратӣ мустаҳкам намоянд

  • Ҷумъа, Дек 02 2016

Ба хотири пешгирии хатарҳои муосири ҷомеа ва зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризм ва экстримизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрави ифротӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон вохӯрии роҳбарияти РВКД дар ВМКБ ва раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бо сокинон, халифаҳо, ҷавонон ва фаъолони ин ноҳия вохӯрии судманд баргузор гардид.

 

Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, ҳангоми мулоқот бо иштирокдорон сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти ВМБК Абдулваҳҳоб Искандарзода оиди вазъи криминогении вилоят ва ноҳияи Шуғнон, ки нисфи зиёди ҳудуди он бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад аст, маълумот дода зикр кард, ки вазъияти сиёсии имрӯзаи ҷаҳон ягон кишварро бе таъсир намегузорад, дар ин самт ҳар яки мо бояд дар пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ бояд саҳмгузор бошем. 

- Ин хатари замони муосир ба кулли ҷомеа таҳдид менамояд, аз ин рӯ аз волидон, масъулини муассисаҳои таълимӣ, намояндагони дин ва аҳли ҷамоатчигии дар толор ҳузурдошта даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамкориҳои худро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мустаҳкам намоянд. Фарзандони худро дар рӯҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ тарбия намоянд ва нагузоранд, ки ба вазъи тинҷиву осоиштагии Ҷумҳурии Тоҷикистон халал ворид гардад, - таъкид дошт Искандарзода.

 Ҳамчунин, дар масъалаи ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои худсарона ва ғайриқонунӣ сиёҳкардашуда, бе иҷозатномаи махсуси БДА, автомашинаҳои бе рақами қайди давлатӣ ва рақамҳои бегона, мусодираи яроқу аслиҳа, маводи мухаддир ва пешгирии дигар ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон ибрози назар карда шуд.

Дар вохӯрӣ, инчунин сардори раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Нусратулло Мирзоев дар мавзӯҳои мубориза бо гурӯҳҳои хусусияти террористӣ-экстремистидошта, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ҷавонони ноогоҳ бештар ба ин амалҳои зишт даст мезананд, ибрози андеша намуд.

 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter