Сардори ШВКД дар шаҳри Қурғонтеппа дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки ба қисми навбатдории шуъба оид ба ҳодисаи дуздӣ хабаре ворид шуд. Рӯзи 2-юми феврали соли 2017 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматии зани 53-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 15 ҳазору 770-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия гумонбари ҷинояти дуздӣ Қурбонов Нарзуллои 50-солаи сокини ш.Қурғонтеппа, кӯчаи Мирзо Қодиров, хонаи 31 дастгир намуданд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон.