Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин хабарнигори фаврӣ»-ро эълон менамояд. Дар озмуни мазкур рӯзноманигорон, хабарнигорон ва намояндагони Васоити ахбори омма, ҳамчунин шаҳрвандоне, ки дорои истеъдоди хабарнигорӣ мебошанд, метавонанд фаъолона иштирок намоянд.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар дафтари матбуоти ВКД ҶТ иттиллоъ доданд, беҳтарин наворҳои видеоӣ вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳо аз тарафи комиссияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳодиҳӣ шуда, ғолибон муайян карда мешаванд.
Озмун дар 3 моҳ 1 маротиба ҷамъбаст гардида, барои ғолибони озмун 3 ҷой бо мукофотҳои пулӣ муқаррар карда шудааст:
- барои ҷойи якум – 3000 сомонӣ;
- барои ҷойи дуюм – 2000 сомонӣ;
- барои ҷойи сеюм – 1000 сомонӣ.
Ҳамчунин иштирокчиёни фаъоли озмун бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд. Наворҳо бояд кӯтоҳ, мушаххас ва ба талаботи рӯзноманигорӣ ҷавобгӯ буда, дар муқовимат бар зидди ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани шуурнокии ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намоянд.
Хабарнигорони фаврӣ метавонанд аз шабакаҳои иҷтимоии Вайбер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams), Вичат (WeChat) бо рақами телефони мобилии + 992 939 222 111 ва почтаҳои электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. , Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. истифода намуда, наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намоянд.
Телефонҳо барои маълумот: 227-66-50, 93 445-09-35, 985- 92-02-02.
СССР