Ба маълумоти масъулони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2016 зиёда аз 250 нафар вайронкунандаи сарҳади давлатӣ дастгир гардида, баъди барасмиятдарорӣ 1 қисми онҳо ба намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон супорида шуданд. Ин нуқта дар машварат дар мавзӯи «Мубориза бар зидди маводи нашъадор аз сарҳади давлатӣ оғоз мешавад», ки дирӯз дар ш. Қӯрғонтеппа баргузор гашт, зикр карда шуд.
Бино ба иттиллои Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ ба АМИТ «Ховар», мақсади машваратро дар пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии минтақаҳои наздисарҳадӣ, ҳамчунин воқифсозии онҳо бо талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии интиқол ва паҳншавии маводи нашъаовар ва ҷалби аҳолии минтақаҳои сарҳадӣ ба муҳофизати сарҳади давлатӣ арзёбӣ намуд.
Ба иттилои манбаъ, зимни машварат подполковник Насимҷон Раҷабов, сардори Раёсати муҳофизати сарҳади давлатии Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Қӯшунҳои сарҳадӣ дар самти мубориза бар зидди маводи нашъадор» маърӯза намуда, зикр кард, ки дар таъмини амнияти давлат танҳо бо қувваи сарҳадбонон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан душвор аст. Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳамкории аҳолӣ бо Қӯшунҳои сарҳадӣ хеле заиф аст. Баръакс, дар бисёр ҳолатҳо дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор бештар сокинони маҳаллаҳои аҳолинишини наздисарҳадӣ даст доранд ва ба қочоқчиён мусоидат мекунанд.
Муовини сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон подполковник Диловар Сафаров зимни суханронии хеш гуфт, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон шумораи нашъамандон дар соли 2017 ба 1385 нафар расидааст ва аз ин шумора 18 нафарашон занҳо мебошанд. Ба қавли ӯ, шумораи нашъамандон нисбат ба соли гузашта 54 нафар коҳиш ёфтааст. Мусодираи маводи мухаддир ба минтақаи Кӯлоб 1243 кг 562 г (77%) ва ба минтақаи Қӯрғонтеппа 338 кг 501 г (21%) рост меояд, — гуфтДиловар Сафаров. Аксари ин мавод дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, аз ҷумла Панҷ (165 кг 732 г), Ҳамадонӣ (263 кг 670 г), Шамсиддини Шоҳин (604 кг 754 г), Фархор (279 кг 574 г) мусодира карда шудаанд.
Мувофиқи маълумотномаи Маркази наркологии вилояти Хатлон, шумораи беморони нашъаманд аз ҳама зиёд дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Вахш, Восеъ, Фархор, Ёвон, Ҷ. Балхӣ ва Бохтар ба қайд гирифта шудааст.
Дар соли 2016 аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 126 нафар истеъмолкунандагони воситаҳои нашъадор дар қайди маркази наркологӣ гузошта шудаанд ва онҳо пайваста таҳти назорат қарор доранд, — зикр кард Д. Сафаров.
Дар асоси маълумоти Маркази бемориҳои нашъамандии вилоят, дар соли 2016-ум 4 сокини шаҳри Қӯрғонтеппа аз истеъмоли барзиёди воситаҳои нашъадор фавтиданд. Диловар Сафаров иброз дошт, ки маводи нашъаовар барои генофонд ва амнияти миллӣ хавфи калон дорад.
СССР