ХАБАРИ ДОҒ

Куштори 1 зан дар рӯзи 8 март

  • Сешанбе, Март 14 2017


Рӯзи 8.03.2017 аз ҷониби сокинони ҷамоати деҳоти Пули Сангини ш.Норак ҷасади зани шахсияташ номаълум бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардидааст.
Саривақт ба ҷои ҳодиса ҳозир гаштани гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии аз ҳисоби кормандони пуртаҷрибаи РВКД дар вилояти Хатлон ва кормандони ШВКД дар ш. Норак имкон дод, ки дар муддати на чандон зиёд шахсияти ин зан муайян карда шавад, ки ин зан С.Г., сокини ноҳияи Ёвон, деҳаи Обшорон, соли таваллудаш 1990 будааст.
Чуноне ки маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар муддати кӯтоҳтарин ба гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ муяссар гардид, ки ҷинояти махсусан вазнин -куштор кушода ва нафари гумонбар дар содир кардани он муайян ва дастгир карда шавад. Ҷинояти мазкурро шаҳрванд Сафаров Баҳром, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Восеъ, дехаи Кулбек, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Зарафшон, ки пеш бо моддаи 138 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, содир намудааст.
Дар рафти пурсиш муайян гардид, ки Сафаров Баҳром бо С.Г. чанд муддат ошноӣ пайдо карда, шаби 7 марти соли равон дар шаҳри Душанбе, дар дохили автомашина машруботи спиртӣ истеъмол мекунанд. Дар ин асно байнашон муноқиша бархеста, Баҳром Сафаров бо мушт ба сару рӯи охирон зада, ӯро аз по афтонида дар ҳолати беҳушӣ дохили автомашинаи «Старекс», ки ба худи ӯ тааллуқ дошт, гузошта ба хонааш меравад.
Субҳи рӯзи дигар аз хавфи он, ки С.Г. ба мақомоти милитсия хабар надиҳад ӯро бо ресмон бӯғӣ карда ба ҳалокат мерасонад ва барои рӯйпуш кардани ҷинояти содиркардааш ҷасадро ба самти шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар роҳи автомобилгарди ағбаи Шар-Шар, дар километри 60-уми ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак, ба ҷарӣ мепартояд ва аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
Аз рӯи далели мазкур аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Норак парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter