Зокир Карахонови 29-сола аз деҳаи «Қашқара»-и ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон бо бародараш ва бо 2 нафар дӯстонаш бо мақсади чукричинӣ ба кӯҳ меравад. Зокир аз онҳо ҷудо шуда, самти дигар рафт ва пас аз 2 рӯз тани беҷонашро ёфтанд.
Як манбаъ ба СССР, имрӯз 12 апрел дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки Зокир соҳиби 1 фарзад буд ва мунтазири фарзанди дигар. Яъне ҳамсараш ҳомиладор буд. Ӯ пеш аз сафари кӯҳ ба оилаш гуфтааст, ки «агар шаб наомадам, хавотир нашав». Зокир ҳини ба куҳ расидан аз бародар ва дустонаш ҷудо мешавад. Ҳамин хел то бегоҳ бедарак мешавад. Бародараш ва дӯстонаш чанд маротиба бо садои баланд фарёд карданду ба ҷустуҷӯяш баромаданд, аммо ягон пайе аз ӯ наёфтанд. Ва гумон карданд, ки шояд ба хона рафта бошад. Бародараш ҳангоми ба хона баргаштан ӯро дар хона намебинад. Ин замон ҳамсари Зокир ба бародари ӯ мегӯяд, ки «шояд Зокир ҳамроҳи чӯпонҳо бошад?» Аҳли оила ва ҳамдеҳагонашон дар кӯҳ хело ҷустанд, аммо ҷасади сарди Зокирро пайдо карданд, ки аз хунукӣ карахт шуда буд.
Баҳодур Уроқов
СССР, вилоятиХатлон