Вазорати корҳои дохилаи ҶТ аз кормандони фарбеҳи худ ба тадриҷ пок мешавад. Моҳе қабл газетаи СССР яке аз аввалинҳо шуда дар бораи эълон намудани мубориза алайҳи фарбеҳӣ ва вазни зиёдатии милисаҳо аз тарафи Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилаи кишвар хабар дода буд. Акнун ин амалиёт ва мубориза густурда шуда дар 2 моҳи охир теъдоди зиёди милисаҳои шикамғафс аз кор озод ва ронда шуданд.
Маркази матбуоти ВКД ҶТ мегӯяд, ки то ин дам 10 нафар кормандони гаронвазн аз кор ронда шуда ба 100 нафари дигар барои хароб шудан мӯҳлат дода шудааст. Воқеан ҳам ин иқдом саривақтист, зеро кормандони ин ниҳоди қудратӣ, алалхусус РБДА аз худ рафта вазнашон бисёр шудаасту шикам мондаанд ва ин омил боиси пеш омадани камбудиҳо ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ гардидааст.
СССР