Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе, дар хатсайри самти Душанбе-Москва аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт, марди 39-солаи сокини шаҳри Норак дастгир карда шуд, ки мехост бо худ 14 адад тангаҳои гуногун ва 1 адад нишони сарисинагиро, ки дорои қиммати таърихиву фарҳангианд, ба хориҷ аз кишвар бубарад. Бино ба иттиллои аз маркази матбуоти ВКД ҶТ ба даст омада, тангаҳои мусодирашуда: 1 адад тангаи фулузии “5-Марка”, соли бароришаш 1925, 1 адад тангаи фулузии ҷашнии “Марк”, соли бароришаш 1910, 1 адад сиккаи фулузии “Вилгелма ва Августо”, соли бароришаш 1961, 1 адад сиккаи тангаи фулузии “Вилгелм-2”, соли бароришаш 1910, 1 адад тангаи фулузии “Паул ван Хиноенбург”, соли бароришаш 1935, 1 адад тангаи фулузии “Франк АОС Император Австрия”, соли бароришаш 1981, 1 адад сиккаи тангаи фулузии “2-Лево”, соли бароришаш 1882, 1 адад тангаи фулузии “Один рубл”, соли бароришаш 1924, 1 адад тангаи фулузии “Николай-2”, соли бароришаш 1897, 1 адад сиккаи тангаи фулузии “Один полтинник”, соли бароришаш 1925, 1 адад тангаи фулузии “50-Копеек”, соли бароришаш 1922 ва 1 адад тангаҳои рангашон заррин, ки ба заробхонаи ш. Ҳисор, асри 17-18 тааллуқ доранд ва 1 адад нишони сарисинагии “Материнская Слава” иборат мебошанд.Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоли ғайрирасмии онҳо аз ҳудуди ҷумҳурӣ берун манъ карда шудааст.
СССР