Дар ноҳияи Қубодиён Қурбонгул Сариева ба писари 18-солааш Ҳасан Ҷӯраев дастури қатли падарро дод. Падаре, ки бо 100 ҳавас дасти писарро гирифта буд ва аз аввалин қадамҳояш шодӣ дошт, ҳоло бо дасти писар ва бо фиреби ҳамсараш кушта шуд. Тибқи иттилои судяи суди вилояти Хатлон Маҳмудзода Зубайдулло афзуд,ки , мард баъди ҷудоӣ аз ҳамсараш дар ҳамсоягии ҳамсари собиқаш, дар хонаи апааш ба сар мебурд, вале барои назорат бурдан ба моликияташ зуд-зуд аз хонааш хабар мегирифт. Ин кор хашми ҳамсари собиқашро бештар карда, ба писараш маслиҳат медиҳад, ки падарашро кушад. Ҳарчанд мард аз суиқасди ҳамсар ва писараш дарак дошт ва наздиконашро хабарро карда буд, лек моҳи сентябри соли ҷорӣ ин нақшаи зишт ва нобахшиданӣ иҷро шуд. Ҳасан бо зарби табар ба пушти сари падар мезанад, вале падар чун мехост аз ҳавлӣ фирор кунад, писар ӯро боз қапида, зарбаи дигар мезанад ва сипас бо буғӣ кардан падарро мекушад.
Ҳолати куштор аз суи фарзандро натанҳо зан, балки чанд кӯдаки ноболиғ низ назорат кардаанд, вале чанд ҳафта ҳодиса пинҳон монда, писар ҷасади беҷони падарро ҳамроҳи модар 800 метр дуртар аз хона зери қум карда, велосипедашро дар дохили об мепартоянд.
Падару шавҳаркуши...пушаймон
Рӯзҳо аз падари хона хабаре набуд. Наздикони мард ба суроғи бародарашон, ки кушта шудааст, баромаданд. Пулис дар қазияи кофтукоби мард афтода, гумони куштор ва суиқасдро апаи ин мард баён намуд. Вале пулис гумонбарони кушторро аз хонаи худи мард пайдо кард, ки ин зан ва фарзандаш будааст. Писар ва ҳамсари ӯ дар ҷараёни тафтишоти муқаддамотӣ иқрор шуда, шаҳодат додаанд, ки ин ҷиноятро содир карда, ҳоло пушаймонанд.
Судя суди вилояти Хатлон Маҳмудзода Зубайдулло бар асоси моддаҳои 104-и қисми 2, бандҳои «е,з» КҶ ҶТ писари мард Ҳасан Ҷӯраевро 22 сол ва модари ӯ-Қурбонгул Сариеваро бо моддаи 36-и қисми 3, моддаи 104-и қисми 2, бандҳои «е,з» КҶ ҶТ 25 сол суд кард.
Ҳодисаи куштор ноҳия Қубодиён бори аввал нест, вале чунин ҳодиса нодир аст, ки писар падари худро мекушад. Ин ҳодиса дар ҷомеъаи суннатӣ баҳсҳои зиёдеро ба миён овардааст. Ҳарчанд мардум писарро барои чунин ҷиноят ба қатл маҳкум мекунанд, лек қонун ӯро ҳоло дар зиндон барои ислоҳи ҷиноят нигоҳ медорад. Зане, ки аз пушти шавҳар чунин кор кард, ҳоло пеши виҷдон ва азоби зиндону ангуштнамо шудан ислоҳ мешавад, ё на?
Чунин ҳодисаҳои куштори хешутаборӣ дар вилояти Хатлон зиёд шудааст. Барои мисол, чанде пеш сокини ноҳияи Вахш Дӯстмурод Қудратов бо бародараш Бегмурод Қудратов зиндагӣ мекард ва аз рӯи ҳиссиёти рашк, ки гуё ҳамсари бародараш Чаманоро Қудратова бо ҳамсояаашон Исроил Ҷалилов муносибати наздики маҳрамона доштаву фарзандаш Юсуфҷон Қудратови 5-сола аз зинокории онҳо ба дунё омада бошад, мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани Чаманоро шуд. Яъне янгааш ва писари хурдсоли 5 солаи ӯро 3 корд ва модарашро 8 корд зада захмӣ мекунад. Додгоҳи вилояти Хатлон нисбати Қудратов Дустмурод бо моддаҳои 32 қисми3 ва 104, қисми 2 бандҳои «а,в» КҶ ҶТ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 15 сол дар калонияҳои ислоҳии дорои низомаш сангин таъин кард.
Баҳодур Уроқов,
хабарнигори СССР дар вилояти Хатлон