ХАБАРИ ДОҒ

Делои коррупсионерҳо: нафари 9-ум боздошт шуд...

  • Панҷшанбе, Июн 29 2017


Ту кистӣ, Ҳоҷӣ Қосим???
Дар пасманзари пурсарусадотарин қазияҳои коррупсионӣ, боз 1 тани дигар боздошт шуд. Қосим Саидзода-собиқ сардори Раёсати якуми Сарраёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ ва дорои хусусияти коррупсионӣ бо иттиҳоми гирифтани пора ба маблағи махсусан калон дастгир шудааст. Ӯ, ки бо номи Ҳоҷӣ Қосим маъруф аст, дар 2 моҳи охир аллакай 9-умин мансабдори баландпояи ин Агентист, ки боздошт мешавад. 1 манбаъ дар Агентии мубориза бо коррупсия ба хабаргузориҳои хориҷӣ гуфтааст, ки ҳафтае пеш Ҳоҷӣ Қосим боздошт шуда, зидди ӯ бар асоси моддаи 319 КҶ бо иттиҳоми гирифтани пора ба маблағи калон дело кушодаанд. Боздошти Қосим Саидзода бар асоси баёноти дигар мансабдорони боздоштшудаи ин Агентӣ муяссар шудааст. Тибқи манобеъ, Ҳоҷӣ Қосим, ки дар ин ниҳод дар он вақт раҳбарии раёсати мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаи нақлиётро бар ӯҳда дошт, моҳи апрел дар пайи оғози 1 амалиёти калон дар Агентии мубориза бо коррупсия аз мақомаш барканор шуда буд. Дар рӯзҳои аввали ин амалиёт (аз 20 апрел то 1 май) аллакай 7 мансабдори дар гузашта баландпояи Агентии мазкур ва Хадамоти гумрук дастгир шуданд. Боздошти Ҳоҷӣ Қосим дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Хуршед Ҷабборзода-муовини сардори Раёсати назорати қонуният, санадҳои судӣ дар парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурии Додситонии кулли ҶТ бо иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳо низ боздошт гардид. Ҷабборзода то 2 соли пеш дар Агентии мубориза бо коррупсия кор мекард.
9-гонаи маҳбасӣ
Ҳоло ба ин тартиб, қариб 9 корманди дар гузашта баландпояи Агентии мазкур ва Хадамоти гумруки ҶТ дар боздошт қарор доранд, ки аксари онҳо ба ҷиноятҳое, чун сохтакории ҳуҷҷатҳо, қаллобӣ ва қисме ба ришвахорӣ айбдор мешаванд.
1.Давлатбек Хайрзода (Хайров) – муовини собиқи раиси Агентӣ, ки 23 январи соли ҷорӣ "ба сабаби ба нафақа баромадан” бо фармони президент барканор шуда буд, субҳи 24 апрел, бино ба бархе манобеъ, дар фурудгоҳи Хуҷанд ва ба гуфтаи манобеи дигар, дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо Қирғизистон, дастгир шуд;
2.Фирӯз Холмуродзода (Холмуродов) – собиқ сардори раёсати тафтишот. Рӯзи 20 апрел аз мақом барканор ва рӯзи 21 апрел дастгир шуд;
3.Фахриддин Бозоров – собиқ муовини сардори раёсати тафтишот ва собиқ муовини сардори раёсати мубориза бо қочоқи Хадамоти гумрук;
4.Амиршо Султонзода – сардори шӯъбаи тафтишоти раёсати Агентии мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе;
5.Сафаралӣ Ҳомидзода – собиқ муовини сардори раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон;
6.Фаридун Беназирзода – муовини раиси гумруки Хуҷанд, собиқ сардори шӯъбаи тафтишоти раёсати Агентии мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе;
7.Фирдавс Абдуғаффорзода (Ниёзбадалов) – сардори собиқи шӯъбаи яккуми тафтишотии Агентӣ;
8.Хуршед Ҷабборзода - муовини сардори Раёсати назорати қонуният санадҳои судӣ дар парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурии Додситонии кулл;
9.Қосим Саидзода – собиқ сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ дар нақлиёти Агентӣ.
PS: Дар сурати набуди иттилооти расмӣ, овозаҳо мегӯянд, боздошти Ҳоҷӣ Қосим охири кор несту ресмони ин дело боз бисёриҳоро шояд ба маҳбас кӯчонад. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter