Таркиш аввал 30.01.2017 ва такроран моҳи феврал дар кӯч.С.Айнии ш.Қурғонтеппа, ки ҷони 1 нафарро рабуда буд, аз сӯи мақомоти расмии вилояти Хатлон дигаргуна шарҳ дода шуд. Ҳасанбой 67-сола, посбони Литсейи тамоюли техникии Қурғонтеппа на худро таркондааст, на қасди суиқасд ба ҷони худ доштааст. Ин ҳодиса аввал дар миёни бисёриҳо ангезаи суиқасд ё худтаркониро боло карда буд, чун ин мард дар бағалаш зери ҷома 1 шишаи арақ дошт, ки дар камераҳои назоратӣ зоҳир шудааст ва дар бағал чизеро нигоҳ доштанаш низ сабт шудааст. Бисёриҳо ҳадс мезаданд, ки ин марди 67-сола худро таркондааст. Ҳатто овозаҳое буд, ки ин мард мехостааст ҷои дигареро битарконад, вале ба мақсад нарасида, лавозимоти тарканда дар дасташ таркида, дар наздикии бинои Прокуратураи гарнизони ҳарбии ш.Қурғонтеппа ҷон додааст.
Имрӯз, 12 июл зимни нишасти хабарӣ Насрулло Маҳмудзода-додситони вилояти Хатлон дар робита ба ин таркиш афзуд, ки хулосаи тафтишот аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин аст, ки ин ҷиноят ошкор ва дар натиҷа нисбати 5 нафар парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд. Ба 2 нафари онҳо сокинони шаҳри Қурғонтеппа аз деҳаи Зарбдор-бародарон Шарифҷони Зокир ва Раҷабҷони Зокир, Файзиев Равшан, Амирхоҷаи Рустам, Саидов Саъдӣ бо моддаҳои 104, қисми 2 , 172 ,195 ва 307 айб эълон карда шуда, ҳоло парванда дар баррасии Суди олӣ қарор дорад.
Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон