Бино ба иттилои Раёсати вазорати корҳои дохилии гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб шаби 15 ба 16 сентябр 1 гурӯҳи 3-нафараи афғон сарҳади давлати Тоҷикистонро шикаста, вориди хоки ин кишвар гаштаанд. Ин гурӯҳи марзшикани аҷнабӣ тақрибан соатҳои 3-и субҳи 16 сентябр ба хоҷагии моҳипарварии соҳибкор Тоҷиддин Сайфиддинзода, воқеъ дар ҷамоати Панҷоби н.Ҳамадонӣ, наздик ба дидбонгоҳи №-9-и қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон даромада, 2 тан аз посбонони ин хоҷагӣ-Ҳабиб Қарахонови 55-сола ва Алихон Раҷабови 43-соларо дастгир кардаанд. Ба гуфтаи манбаъ, Раҷабов муқобилият нишон дода, аз дасти яке аз афғонҳо автоматашро зада гирифта мегурезад. Аммо марзшиканон дигар аз паси ӯ надавида ва тирпаронӣ ҳам накардаанд. Ба андешаи худи Алихон, ки ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ гуфтааст, «афғонҳо ба хотири огаҳ нагаштани сарҳадбонони тоҷик аз сари тарс тир накушодаанд». Вале Қарахоновро бошад бо худ гирифта, ба ҷониби Афғонистон бурдаанд. Аз қазияи баамаломада Алихон ба сарҳадбонони тоҷик хабар додааст, вале аллакай афғонҳо аз сарҳад берун рафта буданд.
Тибқи хабари расида, хоҷагии моҳипараварӣ ба подполковники милиса, корманди шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД-и вилояти Хатлон Тоҷиддин Сайфиддинзода мутааллиқ будааст. Бино ба хабарҳои дар ВАО чопшуда, ки гӯё падари Тоҷиддин ҳангоми шабехуни афғонҳои сарҳадшикан дар ҳудуди хоҷагӣ будааст, дар РВКД-и Кӯлоб тасдиқ накарданд. Аммо 1 манбаъ аз Раёсати вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон гуфт, ки баъди ин қазия, Сайфиддинзода аз вазифа озод карда шудааст. Гуфта мешавад, гурӯҳи марзшиканони афғон бо роҳбарии Саттори пойлуч, бо супориши махсуси сардор Исмоили Сафед, яке аз наздикони қочоқчии афғон бо исми Башири Чайобӣ будаанд, ки гӯё ба хотири қарзҳои зиёд мехостаанд шаҳрвандони тоҷикро ба гарав бубаранд. Аммо кӣ аз кӣ ва ба кадом миқдор қарздор будааст, боз ҳам дақиқан маълум нашудааст. Зеро дар ин маврид, одамдуздон ҳам дигар аз худ дарак надодаанд, вале ба ишораи аз ҷониби Афғонистон расида, тоҷики ба гаравбурда дар Чаёб нигаҳдорӣ мешавад.
Аслиддин Достиев,
Кӯлоб, СССР