ХАБАРИ ДОҒ

Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рушд мекунанд

  • Ҷумъа, Сен 29 2017

Ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар самтҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фаҳангӣ ва ҳарбию сиёсӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Чанде қабл кормандони масъули Намояндагии сафорати Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон майор Рон Барнхард, капитан Ричард Флатум, намояндаи АМIC Арден Харверсон ва намояндаи ширкати «Rapiscan» Иван Кинг бо мақсади гузаронидани омӯзиши муштараки ҳолати воқеии техникии таҷҳизоти рентгении «Rapiscan» ва таҳвили қисмҳои эхтиётии он ба маблағи умумии 1 021 388,56 доллари амрикоӣ, ба Гумруки «Панҷи Поён»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Боиси тазаккур аст, ки қаблан дар Гумруки “Панҷи-Поён” ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир, яроқу аслиҳа, молҳои зераксизӣ ва дигар қонуншиканиҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ таҷҳизотҳои калонҳаҷми рентгении «Rapiscan» ба маблағи 3 млн. доллари амрикоӣ насб карда шуда буданд.
 
Баъд аз боздиди меҳмонон аз Гумруки “Панҷи-Поён”, дар толори маҷлисгоҳи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон бо иштироки муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар, масъулини Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ва Намояндагии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон майор Рон Барнхард, капитан Ричард Флатум, намояндаи АМIC Арден Харверсон ва намояндаи ширкати «Rapiscan» Иван Кинг тавофуқномаи ҳамоишӣ (меморандум) баргузор гардид.
 
 
 
Дар ҷамъомад Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар ва намояндаи Сафорати Амрико Джефри Риденуар баромад намуда, оид ба ҳамкории мутақобила ва мусоидати техникӣ ибрози назар намуданд.
   Муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар зимни баромади хеш аз ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ёдовар шуда, аз ҷумла иброз дошт, ки: - “Бо ташаббуси бевоситаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26-августи соли 2007-ум миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исломии Афғонистон “Пули дӯстӣ” ба истифода дода шуд, ки он барои аз бумбасти коммуникатсионӣ баромадани Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро гузоштааст. Пули мазкур бо дарозии 672 метр ва паҳноии 11,6 метр ва иқтидори интиқол 1000 автомобил дар як шабонарӯз ба маблағи 40 миллион доллари амрикоӣ сохта шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро натанҳо бо Давлати Исломии Афғонистон, балки бо дигар давлатҳо низ пайваст намуд. Ба истифода додани пули мазкур, қомат афрохтани инфрасохтор ва муҷчаҳаз гардонидани он бо воситаҳои техникии назорати гумрукӣ аз ҷумла дастгоҳҳои калонҳаҷми «Rapiscan», барои зиёд гардидани ҳаҷми гардиши молӣ дар минтақа ва равобити қавии иқтисодӣ, натанҳо бо Давлати Исломии Афғонистон, балки бо дигар давлатҳо, низ заминаи боэътимод гузошт.
Албатта бо боварӣ гуфта метавонам, ки саҳми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар тараққиёти бахшҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус мақомоти гумрук хеле назаррас мебошад. Бо истифода аз фурсати муносиб мехостам бори дигар миннатдории худро ба Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баён намоям”.
Турсунзода Азим Ҳайдар дар фарҷоми суханронии худ изҳори уммедворӣ намуд, ки минбаъд низ барои дар ҳолати хуби техникиву корбарӣ нигоҳ доштан ва таъмину таъмири ин дастгоҳҳои калонҳаҷми рентгенӣ бо таҷҳизотҳои техникии зарурӣ Сафорати Амрико ба мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки худро дареғ намедорад.
 Инчунин, дар ҷамъомад қайд карда шуд, ки корбарии мунтазами ин дастгоҳҳои пуриқтидор имконият медиҳанд, ки фаъолият дар самти пешгирии воридоти ғайриқонунии маводҳои мухаддир, силоҳу аслиҳа ва дигар қонуншиканиҳо пурзӯр карда шавад.
Масалан, санаи 17-уми июли соли 2017 ҳангоми муоинаи гумрукии воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «Дулон» рақами қайди давлатиаш ТҶ 36-14 ВК 01, ки таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш, Т.Р. қарор дошт, ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ ба воситаи таҷҳизоти рентгении «Rapiscan», аз дохили кабинаи воситаи нақлиёт, дар кати хоби ронанда 3-халта маводи дорувории «Gelofusine» ба микдори 186 дона, 300 қуттича ба миқдори умумии 7500 ампула маводи дорувории «Diazepam injection 10mg/2 ml,25x2ml», 7 қуттича ба миқдори 840 дона балзами «Clometasol 0.05%»-ро пинҳон намуда, мехост бидуни назорати гумрукӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд.
Маводҳои дорувории «Diazepam injection 10mg/2 ml,25x2ml», шомили гурӯҳи маводҳои психотропии дар тиб истифодашаванда буда, вазни холиси он 75 граммро ташкил медиҳад.
Намояндаи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ҷаноби Джефри Риденуар низ дар баромади худ, ки ба забони тоҷикӣ сурат гирифт, қайд намуд, ки ҳамкориҳо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ густариш хоҳанд ёфт.
 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter