ХАБАРИ ДОҒ

Дипломи СССР ба Мардумитарин вазири Тоҷик - Рамазон Раҳимзода

  • Сешанбе, Март 15 2016

Газетаи мардумии СССР имрӯз, 14 марти соли 2016 Диплом ва тӯҳфаи рамзии худро ба Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ғолиби лоиҳа – озмуни «Мардумитарин вазири Тоҷик»-и ин ҳафтанома гаштааст, тақдим намуд.

 Хабарнигори СССР ва масъули лоиҳаи «Мардумитарин вазири Тоҷик» Ҷамила Ҳусейнова ҷоизаи Газетаи мардумии СССР-ро ба Ализода Анвар Ҷумъа, роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии ҶТ супорида таъкид дошт, ки 2021 нафар шаҳрвандони кишвар аз минтақаҳои гуногуни мамлакат зангҳои телефонӣ ва смс-паёмак равон намуда ба тарафдории Раҳимзода Рамазон Ҳамро овоз додаанд. Онҳо аз вазири корҳои дохилӣ дар баробари корманди соҳибтаҷриба ва профессионали мақомоти қудратӣ, инчунин шахси ободкору хоксор ва хоҷагидор низ ном бурдаанд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳа – озмуни «Мардумитарин вазири Тоҷик кист?» аз 1.12.2015 то 3.03.2916 давом дошта он ба сокинони кишвар имкон дод аз байни 14 нафар вазирони кабинаи сарвазири кишвар Коҳир Расулзода мардумитарин ва дастрастарин вазири хешро интихоб намоянд. Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбастӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилӣ бо 2021 овоз дар ҷои 1, Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм дар мақоми 2 ва Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёт сазовори ҷои 3 гаштанд.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter