Дар деҳаи дурдасти Аличури ноҳияи Мурғоб шӯъбачаи милитсияи деҳот таъсис ва барои кормандони он бинои 2 ошёна ба истифода дода шуд. Дар ифтитоҳи бинои мазкур муовини аввали вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода, муовини раиси ВМКБ Тоҷиддин Назаршоев, раиси ноҳияи Мурғоб Мурзобой Ҷоошбоев, сардори РВКД вилоят Абдулваҳоб Искандарзода ширкат доштанд.
Бо назардошти он, ки сардии ҳаво дар фасли сармо дар ин минтақа баъзан ба 40 дараҷа мерасад, дар паҳлуи бинои асосӣ анборхона бунёд карда, дар он ҷо маводи сӯзишворӣ, аз қабили ҳезуму ангиштсанг низ захира карда шуд. Дар сурати қатъ шудани нерӯи барқ кормандон метавонанд бо истифода аз ҳезуму ангиштсанг ҳуҷраҳои кориро гарм кунанд.
Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ зимни табрики ҳайати шахсии шӯъбача ва сокинон изҳор дошт, ки ин ҳама созандагию ободонӣ танҳо ба хотири таҳкими волоияти қонун, оромию осудагии сокинони кишвар роҳандозӣ мегардад. Мавсуф аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват кард, ки бо сокинони маҳаллӣ робитаи қавӣ дошта бошанд, зеро бидуни ҳамкорӣ бо мардум ҷорӣ намудани тартиботи намунавии ҷамъиятӣ ғайриимкон мебошад.
СССР