ХАБАРИ ДОҒ

СХДО барқдуздони пойтахтро ошкор кард

  • Панҷшанбе, Дек 14 2017


   Кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҷиҳати таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар давраи тирамоҳу зимистон ва истифодаи оқилонаю самараноки нерӯи барқ, дар бозору марказҳои савдо, корхонаю муассисаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишин корҳои тарғиботу ташвиқотиро боз ҳам пурзӯр намуда, фаъолияти шабонарӯзии хешро ба роҳ мондаанд.
   Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, новобаста ба корҳои профилактикӣ- фаҳмондадиҳӣ ва таъкидҳои доимию чораҳои андешидаи кормандони ХДО ВКД ҳамоно аз тарафи соҳибкор Ҷамшед Ҳафизов, ҷойи истифодаи ангишт дар нонвойхона, воқеъ дар кӯчаи Яккачинор-124, барои пухтани нон аз спиралҳои баландшиддати истеъмолкунандаи зиёди қувваи барқ ва фурӯзонакҳои тафсон фаровон истифода мешавад. Ҳамин гуна ҳолатҳои беинсофона роҳ додан ба харҷшавии барзиёди нерӯи барқ дар нонвойхонаҳои соҳибкор Диловар Хоҷаев, воқеъ дар кӯчаи Ҷомии н. Сино ва соҳибкор Аҳмад Асламов, воқеъ дар кӯчаи Саҳбои н.И.Сомонии шаҳри Душанбе низ аз тарафи гурӯҳи кории сарраёсат ошкор карда шуданд.
   Ҳолати дигари риоя нашудани талаботи истифодабарии оқилонаю сарфакоронаи нерӯи барқ, аз тарафи гурӯҳи кории СХДО ВКД, дар ҳаммоми кӯчаи Абай 1-и н. Фирдавсии шаҳри Душанбе, мансуб ба Сулаймон Чолов ошкор карда шуд. Дар иншооти мазкур низ ҷойи истифодаи ангишт, дар 3 адад буғхонаҳои ҳаммом, аз спиралу таҷҳизотҳои баландшиддати истеъмолкунандаи зиёди қувваи барқ ва фурӯзонакҳои тафсон фаровон истифода карда мешуданд. Чунин ҳолат дар ҳаммоми кӯчаи Гипрозем 36-и н.Сино ҳам ба чашм мерасад. Ҳарчанд дар ҳаммоми кӯчаи Фирдавсӣ 14-и н.Фирдавсӣ барои фаъолият аз ангишт истифода баранд ҳам, вале бухории он бархилофи меъёру талаботҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар таҳхона ҷойгир карда шудааст, ки чунин ҳолат эҳтимолияти хавфи сӯхтор ва паҳншавии бемонеаи оташу дуди ғализи онро метавонад боис гардида, ба ҳаёту саломатии мизоҷони он зиён расонад.
   Дар тарабхонаи “Сапеда” низ мансуб ба соҳибкор Сайлигул Муродова, воқеъ дар кӯчаи Испечак-2, н.Синои шаҳри Душанбе, ба замми истифодаи фурӯзонакҳои тафсону спиралҳои баландшиддат, тартиби истифодабарии зарфҳои гази моеъ низ бар хилофи талаботи меъёру қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ба роҳ монда шудааст, ки чунин хунукназарии соҳибкор натанҳо эҳтимоли хавфи ба амал омадани ҳодисаи сӯхтор, балки таркиши зарфҳои гази моеъро ҳам дар пай дорад, ки он метавонад боиси фоҷиа гардад. Тааҷубовараш он аст, ки Сайлигул Муродова ба меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор умуман диққат надода, дар тарабхона ҳатто ягон адад оташхомӯшкунак ҳам мавҷуд нест.
Самаранок истифода набурдани нерӯи барқ ва роҳ додан ба исрофшавии беҳудаи он дар Бозорчаи “Чашма”-и маҳалаи 46-уми пойтахт ҳам ошкор карда шуд. Ин ҷо шабонгаҳ пас аз анҷоми реҷаи корӣ низ фурӯзонакҳои дохили бозорча бе ягон зарурият фурӯзон буда, аз бемасъулиятии роҳбарону мутасаддиёни он шаҳодат медод.
   Вобаста ба далелҳои ҷойдошта, нисбати роҳбарону масъулони дахлдор, аз тарафи гурӯҳи кории СХДО ВКД протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои муваққатан қатъ гардонидани фаъолияти иншооту коргоҳҳои номбурда қарорҳои дахлдор бароварда шуданд.

СССР


ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter