ХАБАРИ ДОҒ

Куштори полковник Хайриддин Аҳтамов аз зиндон роҳбарӣ мешуд?

  • Панҷшанбе, Янв 04 2018


2.12.2017 дар марзи Афғонистону Тоҷикистон полковники қӯшунҳои марзбонии назди Кумитаи амнияти ҶТ бо 4 тан мавриди ҳамлаи қочоқбарон қарор гирифтанд. Бар асари ин шабехун 4 сарбоз захм бардоштаву полковник Аҳтамов қаҳрамонона ҳалок шуд. Дар сӯҳбати вежа бо СССР афсари баландрутбаи қӯшунҳои марзбонӣ гуфт, «Хайриддин аҷоиб марди чобуку ҷасур буд, ки дар ҳама амалиётҳо худаш пеш-пеш мерафту бо тани худ ҷони сарбозонро мепӯшонид». Зимнан дар рӯзи 2 декабр низ ӯ барои кушта нашудани ҷавонони зертобеаш худро фидо намуд.
Дар куштори полковник Аҳтамов гурӯҳи 12-нафараи қочоқбарони афғон таҳти сарварии Кӯри Саттор даст доштанд. Ҳамзамон аз Неъмат ва Тӯғалӣ-сокинони Тахори Афғонистон сӯҳбат меравад, ки низ муҷрими ин қатланд. Аммо факти ахирие, ки дастраси матбуот шуд, нигаронкунанда аст. Маълум мешавад, ки ин амалиёти қочоқбарони афғонро аз…яке аз зиндонҳои Тоҷикистон тавассути телефони мобилӣ роҳандозӣ кардаанд.
Сарчашмаи муътамаде ба хабаргузории Азия плюс гуфтааст, ки қочоқбарон ва қотилони полковник Аҳтамов солҳои қаблӣ сокини зиндонҳои Тоҷикистон будаву сипас дар пайи татбиқи Амнистия ба ватан баргаштаанд. Онҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон бо ҳамкорони худ, яъне қочоқчиёну наркобаронҳои маҳаллӣ шинос шудаву баъди бозгашт ба ватан тавассути симкортҳои ширкатҳои мобилии тоҷикистонӣ бо инҳо дар тамос мешудаанд ва қочоқи маводи мухаддираро равнақ бахшидаанд.
Ин сарчашма ҳамзамон афзудааст, ки ба амалиёти ахирӣ, ки бо марги полковники марзбонӣ хатм шудааст, аз яке аз зиндонҳои кишвар роҳбарӣ мекардаанд. Тибқи тамоси телефонии зиндонии қочоқчие дастаи Кӯри Саттор бояд 33 кг наркотик овардаву ба гурӯҳи ба тафтишот номаълуме бояд медод. Ҳоло амалиёти пайдосозии қочоқчие, ки ба ин амалиёт роҳбарӣ мекард, давом дорад.
Хотиррас мешавем, тибқи қонун доштани телефонҳои мобилӣ дар зиндонҳо манъ аст, вале аз касе пӯшида нест, ки дар зиндонҳо теъдоди зиёди телефону симкортҳо дар гардишанд ва маҳбусон озодона ба берун тамос мегиранд.
Мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!

$1 млн барои сари Кӯри Саттор
Газетаи мардумии СССР ҳанӯз аввали декабри соли гузашта эълон карда буд, ки барои Кумитаи амният, Қӯшунҳои марзбонӣ ва тамомии мақомоти қудратӣ пайдо ва ҷазо додани қотили полковник Хайриддин Аҳтамов кори ҷонӣ ва ҳифзи шараф аст. Зимнан барои маҳви Кӯри Саттори афғон бояд ҷоизаи пулӣ, фарзи мисол, дар ҳаҷми 1 млн доллар, эълон кард. Ин амали мамнӯъ нест. Амрико барои мисол барои дилхоҳ террорист ё наркобарон чунин нархгузорӣ мекунад. Бовар кунед, баъди эълони ин ҷоиза зиндагонӣ бар ин ҳаромӣ ҳаром мегардад ва шабу рӯз хобаш гуму ҳаёташ талх мешавад. Зеро сари ӯро дилхоҳ ҳампешааш метавонад  буррад. Ва агар сари Кӯри Сатторро биоранд, дигар ягон қочоқчиву марзшикани бӯйин дар қасди куштори марзбонҳои мо намешавад.Мо Медонем чӣ мегӯем. Мо метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter