1 корманди андоз дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба хотири гирифтани ришва аз 1 сокини ноҳия боздошт шуд. 1 манбаъ аз ҳукумати ҳамин ноҳия, имрӯз 18 январ, ба мухбири СССР ин хабарро тасдиқ карда гуфт, ки муовини раиси андози ноҳия-Убайдулло Шарипов барои пора гирифтанаш дастгир шудааст. Убайдулло ҳангоми гирифтани 8000 сомонӣ аз 1 сокин барои бекор намудани фаъолияти соҳибкорӣ боздошт шудааст. Раёсати Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи вилоят бо тасдиқи ин хабар ба СССР гуфт, ки боздошт аз ҷониби кормандони онҳо сурат гирифта, алайҳи боздоштшуда бар асоси моддаи 319-и Кодекси Ҷиноии ҶТ, яъне гирифтани пора парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Мақомоти тафтишот мегӯяд, ин аввалин ҳолати боздошти 1 корманди нозироти андоз дар соли ҷорӣ дар н.Вахш сабт шудааст, ки боздоштшуда аз мақомаш барканор ва феълан дар озодӣ қарор дорад.
Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон