Дар деҳаи Қизил-партизони ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Бохтар язна хусурбачаашро бо зарби корди ошхона ба ҳалокат расонид. Хабари ин қазияро раиси ноҳияи Бохтар Ҷабборӣ Ғаффор дар мусоҳибаи СССР тасдиқ карда гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи 13 феврал соати 20:00 рух додааст. Анвар сокини шаҳри Сарбанд буда бо ҳамсараш дар хонаи бародари ҳамсараш зиндагонӣ мекардааст. Анвар солҳои тӯлони ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафту омад мекардааст. Ҳоҷӣ Файзалӣ раиси деҳаи «Қизил-партизон» дар сӯҳбат гуфт, ки Анвар хонадомод буда ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта меомадааст. Байни Анвару бародари ҳамсараш Наҷотов Ҳусейн муноқиша пайдо шуда ӯро бо корди хонагӣ ба ҳалокат мерасонад. Гуфта мешавад, ки Ҳусейн аз Анвар хоҳиш кардааст, ки хонаашро ҷудо карда дар алоҳидагӣ зиндагӣ кунанд. Дар ҳамин маврид Анвар дар ғазаб омада бо корди хонагӣ Ҳусейнро дар тамоми узви баданаш зарба зада ӯро дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасонад.
Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон