ХАБАРИ ДОҒ

Яке хонаи ҳамсояро сӯхту дигаре шавҳарашро кушт

  • Чоршанбе, Июн 06 2018

Рӯзи 5.06.2018, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини деҳаи Соҳили Сири н.Ашт ҳамчун гумонбар дар қасдан нобуд ё вайрон кардани молу мулк дастгир карда шуд.
Бино ба итиллои аз маркази матбуоти ВКД ҶТ ба мо расида, номбурда, 30.03.2018, тахминан соати 01:05-дақиқа, бо мақсади қасдан несту нобуд кардани молу мулк ба назди ҳавлии истиқоматии марди 35-солаи сокини деҳаи Соҳили Сир омада, манзили истиқоматии ӯро қасдан оташ зада, аз ҷоий ҳодиса ғайб задааст. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 255 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Рӯзи 4.06.2018, тахминан соатҳои 12:00, аз заминҳои деҳаи Гулшани н.Фархор ҷасади марди 78-солаи сокини деҳаи Гулшан, бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ҳамсари мӯйсафед, зани 31-солаи сокини деҳаи мазкур, ки пеш бо моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Мавсуф рӯзи 3.06.2018, тахминан соати 12:30-дақиқа, дар заминҳои канори ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо шавҳараш ҷангу ҷанҷол карда, бо мушту лағат якчанд маротиба ба пушти сараш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter