ХАБАРИ ДОҒ

ИМА 20 нафар наҷотбахшони тоҷикро омӯзиш дод

  • Ҷумъа, Апр 01 2016

20 нафар кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишии «Амали гурӯҳи фаврии аксуламал бо истифодаи моддаҳои кимёвӣ, биологӣ, радиологӣ ва ҳастаӣ»-ро, ки аз ҷониби Барнома оид ба мусоидат алайҳи терроризм (Барномаи АТА) маблағгузорӣ мегардад, бомуваффақият хатм намуданд.

Курси омӯзишии номбурда барои беҳтар намудани имкониятҳои гурӯҳи фаврии аксуламал ҳангоми истифодаи моддаҳои кимёвӣ, биологӣ, радиологӣ ва ҳастаӣ равона шудааст. Ин курси омӯзишӣ яке аз аввалин силсилаи омӯзишҳои Барномаи АТА мебошад, ки барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар 2016 ба нақша гирифта шудаанд.

Чуноне ки ба мухбири СССР аз сафорати ИМАи дар Тоҷикистон хабар доданд, омӯзиши мазкур аз ҷониби Дафтари Барнома оид ба мусоидат алайҳи терроризм назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ гардида, бо дастгирии бахши минтақавии Хадамоти амниятии назди Сафорати ИМА гузаронида мешавад. Фаъолияти Барномаи мазкур бо усули “омода намудани мутахассисон” ба роҳ монда шудааст. Он теъдоди иштирокчиёнро аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки метавонанд дар раванди омӯзишҳо малакаи лозимаро сайқал диҳанд, бештар менамояд. Бояд тазаккур дод, ки Барномаи мазкур аз ҷониби Сафорати ИМА маблағгузорӣ мегардад.

 Бояд қайд намуд, ки аз соли 1992 инҷониб Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути барномаҳо ҷиҳати таъмини амният, дастгирии ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустию маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон маблағи зиёда аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ҷудо намудааст.

Ҷамила Ҳусейнова

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter