ХАБАРИ ДОҒ

Боздошти 6 ронандаи маст дар 1 ҳафта

  • Панҷшанбе, Июл 12 2018



Бино ба итиллои аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш.Душанбе расида, ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт 6 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Инҳо: Саидов Беҳрӯз Абдусатторович – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес –Бенс , рақами қайди давлатиаш 7025СР01, Раҳимов Аъзам Салимович - ронандаи автомашинаи тамғаи Ваз-21015, рақами қайди давлатиаш 4510СТ01,  Раҳимова Ситора Холалиевна - ронандаи автомашинаи тамғаи Ласети , рақами қайди давлатиаш 4729ТТ01, Ахмедов Сафараҳмад Тоҳирович - ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес –Бенс , рақами қайди давлатиаш 3893DO01, Шарипов Сиёвуш Акрамович - ронандаи автомашинаи тамғаи Ренҷ-Ровер , рақами қайди давлатиаш 5300СТ01, Наимов Фатҳулло Хуршедович - ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 3330ЕВ01 мебошанд.
   Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок ҳафтаи сипаришуда, яъне аз санаи 1-ум то 8-уми июли соли ҷорӣ, дар ҳудуди ш.Душанбе 3301 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
   Аз ҷумла:идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 6 адад, бе рақами қайди давлатӣ – 21 адад, идора намудани воситаи нақлиёт беҳуҷҷати ронандагӣ – 1 адад, баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда – 152 адад, истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 133 адад. Инчунин, итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 34 адад, итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оиди манъ кардани воситаи нақлиёт – 10 адад, вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 95 адад, худсарона баромадан аз хати сайр – 72 адад, нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 84 адад;
Вазъияти хавфнок – 3 адад, аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 304 адад, ҳаракати гурӯҳӣ – 8 адад, риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 423 адад, ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 35 адад, ва дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 1928 адад.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter