Маҳмадулло Идиев, лейтенанти калони ШКД- н.Дӯстӣ (Ҷилликӯли собиқ) ба “Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ”, ки боиси марги Толибҷон Дӯстов, 1 сокини 50 солаи ин ноҳия шуда буд, айбдор мешавад. Ӯ бо шарти берун нашудан аз маҳали зист дар озодӣ қарор дошт ва парвандааш дар додгоҳ баррасӣ мешуд. Насрулло Маҳмудзода, додситони вилояти Хатлон рӯзи 19-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, ӯ бо баҳонаи беморӣ ба мурофиаи додгоҳӣ ҳозир нашуд ва баъдан маълум шуд, ки фирор кардааст. Маълум нест, ки ӯ дар хориҷи кишвар ва ё дохили Тоҷикистон пинҳон шудааст.
Додситон гуфт, ҳоло расман ин корманди милиса дар ҷустуҷӯ қарор дорад ва эҳтимол нисбаташ барои фирор парвандаи иловагӣ боз карда шавад. Моҳи июли соли гузашта кормандони милиса дар н.Дӯстӣ Толибҷон Дӯстовро дар яке аз тарабхонаҳои н.Шаҳритус ба гумони даст доштан ба гардиши маводи мухадир боздошт карданд ва ӯ баъдан дар боздоштгоҳ ҳалок шуд. Пайвандонаш иддао карданд, ки ӯ аз шиканҷа фавтидааст. Мақомот ҳолати шиканҷаро дар марги ӯ рад карда, нисбати Маҳмадулло Идиев бо моддаи 316 (қисми 3, банди “а”)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” – айб эълон намуданд.
Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон