Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар нишасти хабарии имрӯза (30.07.2018) гуфт, ки “дар робита ба ҳалокати 4 сайёҳи хориҷии велосипедсавор дар ноҳияи Данғара тамоми фарзияҳо – садама, куштор, ғоратгарӣ ва ҳамаи фарзияҳои дигар ба пуррагӣ санҷида мешаванд ва тафтишот маълум мекунад, ки ин садама буд ё ҳамлаи террористӣ? Алъон мушаххас кардан намешавад, ки ин чӣ навъи ҷиноят аст...”.
Вазир гуфт, афроди дохили мошин баъд аз зер кардани сайёҳони хориҷӣ, бо корд ба онҳо ҳамла карданд. Ба гуфтаи ӯ, ин гурӯҳи велосипедронҳои хориҷӣ шаҳрвандони Амрико, Нидерландия, Швейсария ва Фаронса мебошанд ва зоҳиран ин ҳамлае буд, ки аз пеш тарҳрезӣ шудааст. Рамазон Раҳимзода гуфт: “Ҷои буду боши онҳо дар роҳ муайян карда шуда, чорабинии дастгиркунӣ амалӣ карда шуд. Яке аз онҳо дастгир карда шуд яке дигар ҳангоми боздошт муқобилияти мусалаҳона нишон дода. Дар ҷои ҳодиса несту нобуд карда шуд. Се нафари дигар дар ҷустуҷу қарор доранд.”
Хотиррасон мекунем, ки 29.07.2018, соати 15:30 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар н.Данғара 2 сайёҳ аз Амрико, 1 нафар аз Голланд ва якеи дигар аз Швейтсария кушта шуда, 2 сайёҳи дигар ҷароҳат бардоштанд. Вазир гуфт, ки барои таҳқиқи ин ҳодиса 1 бригадаи фаврии иборат аз намояндагони вазорати дохила, кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ таъсис ёфта, ҷараёни тафтиш таҳти назорати шахсии президент Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.