ХАБАРИ ДОҒ

БДА ба ҷамъиятҳои нақлиётӣ вобаста шуд

  • Ҷумъа, Нояб 16 2018

  Ҷиҳати пешгирӣ намудани содиршавии садамаҳои роҳу нақлиётӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, ба танзим даровардани ҳаракати бонизоми нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ аз ҳафтаи равон кормандони Шӯъбаи БДА дар ш.Душанбе ба ширкату корхонаҳои нақлиётии мусофиркашони ҷамъиятӣ вобаста гардиданд.
   Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти РВКД ҶТ хабар доданд, дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳо ва Қарори Раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ таҳти №63 аз 30 январи соли ҷорӣ “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе”ҷиҳати баланд бардоштани маърифату маданият ва муоширати ронандагон ҳангоми муомила бо мизоҷон, муайян ва рафъи сабабу шароитҳои ба содиршавии садамаҳои нақлиётӣ, аз ҷумла бо оқибатҳои ҳалокатовар мусоидаткунанда аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, аз байн бурдани муносибати дағал ва дигар ҳаракатҳои майдаавбошона дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ ва ба таври ҳатмӣ фаъолият намудани ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ва ёрдамчиёни онҳо (кондукторҳо) бо либосҳои ягона ҳайати калони роҳбарикунандаи Шӯъбаи БДА ва ҷузъу томҳои он дар ноҳияҳои пойтахт ба ҳама 24 адад ширкатҳои мусофиркашони ҷамъиятии дар ҳудуди ш.Душанбе ҷойгирбуда вобаста карда шудаанд.
    Зеро аз омори расмии ба қайдгирифташуда бармеояд, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Душнанбе маҷмуан 148 786 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст, ки 27 661 адади онҳо ба таври дағалона аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ содир карда шудааст.
  Тибқи таҳлилу омӯзишҳо 27 661 – қоидаваронкунӣ аз шумораи умумии ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоркардашуда 18,6%-ро ташкил медиҳад. Илова бар ин, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 18 адад садамаҳои роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 2-нафар ба ҳалокат расида, 16-нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.
Аз ин лиҳоз, бо мақсади таъмини боэътимоди волоияти қонун, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, риояи ҳатмии талаботҳои қонунгузории кишвар ва “Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ” зимни ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон,  саривақт огоҳӣ ёфтан аз камбудиҳои содирнамудаи ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, муайян ва рафъи сабабу шароитҳои ба содиршавии садамаҳои нақлиётӣ, аз ҷумла бо оқибатҳои ҳалокатовар мусоидаткунанда аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маърифату маданияти ронандагон ҳангоми муомила бо мизоҷон, аз байн бурдани муносибати дағал ва дигар ҳаракатҳои майдаавбошона дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ;
– ба таври ҳатмӣ фаъолият намудани ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ва ёрдамчиёни онҳо (кондукторҳо) бо либосҳои ягона, роҳ надодан ба камбудиҳои такрорӣ аз ҷониби масъулини корхонаҳои нақлиётӣ Фармоиши махсуси сардори Раёсати ВКД дар ш.Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон таҳти №191 аз 30 октбяри соли 2018 “Дар бораи вобаста намудани ҳайати калони роҳбарикунандаи Шуъбаи БДА ба ширкатҳои мусофиркашони ҷамъиятии шаҳри Душанбе” ба имзо расид.
  Дар асоси талаботи банди 2-и Фармоиши мазкур шахсони масъул ба таври доимӣ, на кам аз як маротиба давоми ҳар даҳрӯза ба корхонаю ташкилотҳои нақлиётии вобастагардида ташриф оварда, тибқи талаботи замимаи 8-и Дастурамал оид ба назорати техникии БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои назоратӣ оғоз ва маълумотҳои зарурӣ ҷамъ оварда, фаъолияти корхонаҳоро зери назорати қатъӣ қарор медиҳанд.
  Тибқи талаботи банди 3-и Фармоиш аз ҷониби кормандони ба ширкатҳои мусофиркашонии ҷамъиятӣ вобасташуда робитаю ҳамкории зич бо роҳбарон, ҳайати муҳандисӣ-техникӣ ва ронандагони корхонаҳои нақлиётӣ ба роҳ монда шуда, оид ба пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ, ҳолати интизоми нақлиётии ронандагон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ҳамчунин ба таврӣ намунавӣ ба роҳ мондани муносибату муоширати ронандагон бо мизоҷон чорабинӣ ва дигар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ба роҳ монда мешавад.
  Илова бар ин, дар асоси талаботи банди 3-и Фармоиш барои пешгирии содиршавии садамаҳои роҳу нақлиётӣ аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ кормандони ба ширкатҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ вобасташуда шахсан масъул буда, дар сурати рух додани чунин ҳодисаҳо нисбати масъулин (кормандони вобастагардида) ҷазоҳои сахти интизомӣ татбиқ карда мешаванд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter