ХАБАРИ ДОҒ

Боздошти донишҷӯ-роҳзанҳо: онҳо бо ниқоб ва электрошокер кор мекарданд!

  • Чоршанбе, Дек 12 2018


    Шоми 30.11.2018 ба қисми навбатдории Раёсати ВКД дар ш.Душанбе оид ба сар задани ҷинояти роҳзанӣ дар к.Н.Қарабоеви н.Фирдавсии ш.Душанбе хабари телефонӣ аз Чекушина Гулнора Бегматовна дар мавриди ҳамлаи роҳзанӣ бо истифода аз электрошокер ворид гардид. Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса муайян карда шуд, ки 2 нафар ҷавони ниқобпӯш бо таҷҳизоти электрикии «электрошок» мусаллаҳ гардида, ба манзили истиқоматии шаҳрванд Чекушина Гулнора Бегматовна, соли таваллудаш 1959, ғайриқонунӣ ворид гардида, шавҳар ва духтарашро зери лату кӯб қарор дода, ҳамзамон бо скотч пойҳояшонро бастаанд.


    Чуноне ки ба мухбири СССР Мӯҳсинҷон Муҳаммадӣ, сардори маркази матбуотии РВКД дар ш.Душанбе хабар дод, зимни амалинамоии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзании мазкур шаҳрвандон: Садиров Ҳувайдо Ҷаҳонгирович, соли таваллудаш 1983 ва Файзиев Рустам Ғуломалиевич, соли таваллудаш 1997, донишҷӯи бахши 4-уми Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дастгир шуданд. Ҳангоми пешбурди корҳои оперативӣ-тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурдагон бо маслиҳати пешакӣ баҳри ба даст овардани маблағи калони пулӣ, дар рӯй ниқоб пӯшида, бо таҷҳизоти техникии «электрошок» мусаллаҳ шуда, ба манзили истиқоматии шаҳрванд Чекушина Гулнора, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоеви н.Фирдавсӣ ворид гардида, шавҳараш Чекушин Шавкат Кашафович, соли таваллудаш 1955 ва духтараш Чекушина Юлия, соли таваллудаш 1981-ро бо таҷҳизоти техникии «электрошок» ба сару рӯяшон зарба зада, ҳамзамон бо скотч дастҳояшонро бастаанд.
    Гумонбаршудагон баҳри дарёфти маблағи пулӣ манзили истиқоматиро кофтуков намуда, аз онҷо 1200-сомонӣ маблағи пулӣ ва як миқдор ҷавоҳироти биҷутериро рабудаанд, ки бо ин амалашон ба ҷабрдидагон дар баробари зарари ҷисмониву маънавӣ расонидан, ба маблағи 1600-сомонӣ зарари пулӣ низ расонидаанд. Бо дастрасии далелҳои зикргардида, айни ҳол нисбати ҳодисаи мазкур тибқи талаботи моддаи 249 (Роҳзанӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.


ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter