ХАБАРИ ДОҒ

Исфара: дидбонгоҳи сарҳадии «Хоҷаи аъло» ифтитоҳ ёфт

  • Чоршанбе, Янв 02 2019


   28.12.2018 дар ш.Исфара 2 иншооти муҳими стратегӣ - Дидбонгоҳи сарҳадии «Хоҷаи Аъло» ва Гузаргоҳи сарҳадии «Сурх» ба истифода дода шуданд.
   Дар маросими ботантанаи расмӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода якҷоя бо сардори сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ генерал-майор Назар Аслам Тӯра ва раиси ш.Исфара Саломзода Сиҷоуддин бо буридани 1 лентаи рамзӣ ин иншооти муҳимро мавриди истифодаи сарҳадбонон қарор доданд.
   Бино ба иттилои маркази матбуоти раиси ш.Исфара, иншооти мазкур дорои хобгоҳ, ошхона ва дигар инфрасохторҳои зарурии низомию хоҷагидорӣ буда, дар шафати он бинои истиқоматӣ, иборат аз хонаҳои 2 ҳуҷрадор барои 4 оилаи афсарон низ бунёд гардидааст. Дидбонгоҳро тибқи фармоиши раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти в.Суғд сохтмончиёни Ширкати сохтмонии «Исфара» бунёд намудаанд, ки арзиши лоиҳавии он 5 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
   Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин рӯз ҳамчунон Гузаргоҳи сарҳадии «Сурх»-ро ифтитоҳ бахшид, ки низ тибқи фармоиши раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд бунёд гардида аст ва арзиши корҳои анҷомдодашуда 1 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин зайл, дар арафаи Соли нави милодии 2019 шароити хизматӣ ва зисти сарҳадбонон дар Исфара ба таври назаррас беҳбудӣ ёфт.


ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter