ХАБАРИ ДОҒ

42 ҳолати шикастани оинаи автомашинаҳо ва дуздӣ дар 8 рӯз

  • Ҷумъа, Янв 11 2019


Вақтҳои охир аз беназорат будани автомашинаҳо дар назди баландошёнаҳо истифода карда, нафарони ҷиноятпеша дар вақти шабона бо шикастани оина аз дохили он маблағҳои пулию телефони мобилӣ, аккумулятору дигар қисмҳои эҳтиётӣ ва ҳар ашёҳои дигари арзишмандро аз они худ мекарданд. Бо чунин тарз содир гардидани ҷиноят, яъне шикастани тирезаву гум шудани маблағҳои пулӣ аз дохили воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди пойтахт шаҳрвандонро ба ташвиш гузошта, ба кормандони милитсия муроҷиат менамуданд.
Ахиран бо бурдани коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт муайян ва ошкор карда шуд, ки як гурӯҳ ҷавонон бо мақсади чандлаҳзаина дилхӯшӣ дар марказҳои фароғатӣ даст ба чунин кирдорҳои ғайриқонунӣ задаанд.
Аз ҷумла, дар гурӯҳи аввал кормандони милитсияи пойтахт дар ҳудуди н.Сино 1 нафар пешсудшуда, шаҳрванд Полвонов Диловар Зафарович, соли таваллудаш 1998, сокини ш.Ҳисор, ҷамоати деҳоти М.Ризоро санаи 8.01.2019 дар вақти шабона ҳангоми содир намудани ҷинояти навбатӣ дастгир намуданд.
Сипас, зимни гузаронидани чорабиниҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда дар рӯй ниқоб пӯшида, бо отвёркаву болға мусаллаҳ гашта, дар ҳудуди кӯчаи Испечаки н.Сино силсилаҷиноятҳои дуздиро содир намудааст. Аз рӯи маводҳои тафтишотӣ дастгиршуда асосан воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии тамғаи «Мерседес-Спринтер»-ро мавриди дуздӣ қарор додаст. Чунончи зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ӯ бо чунин тарз, яъне шикастани оинаи автомашинаҳо аз дохили зиёда аз 15 воситаи нақлиёт маблағҳои пулӣ ва телефонҳои мобилиро рабудааст.
Ҳамчунин ба ин монанд, кормандони милитсия боз дар ҳудуди н.Сино гурӯҳи дуюми ҷиноятиро дар ҳайати 2 нафар, шаҳрвандон Наврӯзи Шералӣ, соли таваллудаш 1993, сокини н.Шамсиддин Шоҳин ва Валиев Фирӯз, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи н.Восеъро ҳамчун гумонбар дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои дуздӣ санаи 3 январи соли 2019 дастгир намуданд.
Номбурдагон асосан дар ҳудуди маҳаллаи Гипрозем, кӯчаҳои А.Ҷомӣ ва кӯчаи Ҷ.Расулов, дар вақти шабона бо маслиҳати пешакӣ бо тариқи шикастани тирезаҳои воситаҳои нақлиёт маблағҳои пуливу дигар ашёҳои арзишмандро рабудаанд. Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ ошкор гардид, ки номбурдагон дар содир намудани 21 ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидаи онҳо зиёда аз 20-ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, аз ҷониби кормандони милитсия гурӯҳи сеюми ҷиноятӣ дар ҳудуди н.Фирдавсӣ, боз дар ҳайати 2 нафар ҷинояткорон, шаҳрвандон Шарипов Толиб Ҷумаевич, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ ва Алиев Бахтиёр Неъматович, соли таваллудаш 1998 истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯчаи А.Деҳотӣ санаи 8 январи соли ҷорӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд. Зимни пурсиши гумонбаршудагон маълум шуд, ки онҳо танҳо дар як шаб оинаҳои 6-воситаи нақлиётро шикаста маблағҳои пуливу дигар ашёҳои арзишмандро тасарруф намудаанд.
 Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, танҳо давоми 8 рӯзи аввали соли 2019 аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт 42 ҳолати шикастани оинаи автомашинаҳо ва рабудани ашёву маблағҳои пулӣ аз ҷониби нафарони ҷиноятпеша ошкор карда шуда, корҳои тафтишотиву чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ин самт идома доранд.
Гарчанде дар аксар маврид гумонбаршудагон аз дохили автомашинаҳои шаҳрвандон маблағҳои ками пулӣ гирифта бошанд, ҳам вале бо шикастани оинаҳои воситаи нақлиёт ба шаҳрвандон зарари калони молӣ расонидаанд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter