ХАБАРИ ДОҒ

Гулистон: таркиш дар корхонаи нафтӣ боиси марги 1 нафар гардид

  • Чоршанбе, Янв 23 2019

  Бино ба иттилои аз маркази матбуоти ВКД ҶТ ба мухбири СССР расида, дирӯз, 22.01.2019 соати 11:40 дақиқа дар корхонаи ҶДММ «Манфиат»,  воқеъ дар ш. Гулистони вилояти Суғд, ки ба коркарди маҳсулоти нафтӣ машғул аст, дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарии маводи зуддаргиранда сӯхтор ба амал омада, таркиш ба вуқӯъ пайваст.
    Дар натиҷаи ин ҳодиса корманди ҳамин корхона Пулодов Фирдавс Шарифович, соли таваллудаш 1992, зода ва истиқоматкунандаи ш.Гулистони вилояти Суғд ҳалок гардид. 2 нафар корманди дигари корхона Олимҷонов Комилҷон Аъзамҷонович, соли таваллудаш 1992, зода ва истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Унҷии н.Б. Ғафуров  ва шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой Жо Су Син ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи ш.Гулистон бистарӣ карда шуданд. Ҳолати саломатии онҳо муътадил аст. Ҳодисаи мазкур аз ҷониби прокуратураи шаҳри Гулистон мавриди таҳқиқ қарор дорад.


ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter