Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи ш.Турсунзода ва бародараш, марди 33-сола бо гумони одамкушӣ дастгир карда шуданд.
Тавре аз маркази маркази матбуоти ВКД ҶТ ба мухбири СССР хабар доданд, номбурдагон, рӯзи 4.02.2019, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар ҳавлии истиқоматиашон ба марди 44-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур бо сабаби муносибат доштанаш бо ҳамсари яке аз онҳо дарафтодаанд. Сипас, бародарон аз ҳиссиёти рашк марди 44-соларо зери луту кӯб қарор додаанд, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 5.02.2019, тахминан соати 14:00-дақиқа бошад, марди 50-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ортиқови ш.Конибодом, дар ҳолати мастӣ, дар хонаи истиқоматиаш аз ҳиссиёти рашк бо ҳамсараш, зани 46-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 3-маротиба ба қисмати дили ҳамсараш задаст. Дар натиҷа, ҳамсараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Номбурда аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир гардида, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.