Дар Раёсати агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон бо иштироки сардори он Носирзода Солеҳҷон нишасти матбуотӣ барпо шуд.
Носирзода Солеҳҷон гуфт, ки соли сипаригашта 530 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ ошкор шудааст, ки 107 ададашро ҷиноятҳои вазнини коррупсионӣ ташкил медиҳанд. Тибқи маълумоти омории ин ниҳод амалҳои ришваситонӣ бештар дар самти фурӯши замин ва азхудкунии он ба назар мерасад, ки 117 амал ҷиноятӣ вобаста ба замин ошкор шудааст.
Тибқи иттилои ин Раёсат аз ҳама ришваи баландтарине, ки ошкор гаштааст, маблағи 83 400 сомониро ташкил медиҳад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми маблағи гирифташударо муайян накардааст, ки чӣ миқдори он амали коррупсионӣ буда метавонад. Масъулон мегӯянд, ки аз 1 сомонӣ бошад ҳам, агар ғайриқонунӣ гирифта шавад, амали коррупсионӣ ҳисоб мешавад.
Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон