Наздикони Рустамҷон Ҳотамов, як нафар сокини шаҳри Панҷакент, аз ҳукми додгоҳ, ки ӯро бо моддаи 212, қисми 1 “Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт” ба 6 моҳ суд намуд, изҳори норозигӣ карда, гуфтанд, ки мурофиа ноадолатона гузашт ва суд дар чанд маврид сабукиҳоро истисно намуд. Пайвандони Ҳотамов мегӯянд, аввалан суд ба номи ӯ даъватнома нафиристодааст, балки 1 рӯз пеш аз мурофиа, бегоҳии санаи 11 феврал, соати тақрибан 19:00, ки вақти корӣ гузашта буд, бо телефон занг зада огоҳӣ доданд, ки пагоҳ бояд ба суд равем. Магар ҳамин амали суд дуруст аст? – мегӯянд пайвандони Рустам. Ба андешаи Дилноза Соҳибова, ҳамсари Рустам, ҳамчунин дар мурофиа талаби ҷабрдида-Зӯҳро Сатторова, ки мегуфт ягон даъво надораду шавҳараш пурра зарари расондаашро ҷуброн кардааст, аз тарафи судя Мақсудӣ Фирӯзҷон ба инобат гирифта нашудааст.
Хешовандони Ҳотамов мегӯянд, ин ҳодиса барқасд сурат нагирифтааст ва ақалан бо таъин намудани ҷарима ӯро озод мекарданд, онҳо розӣ буданд. Зеро Рустамҷон як фарзанди ноболиғ дораду ҳамчунин гирифтори бемории асаб аст. Президенти кишвар ҳам борҳо гуфтаанд, ки мақсади гунаҳкорон танҳо ҳабс кардани онҳо нест, балки дар рӯҳияи инсондӯстӣ тарбия кардани эшон аст. Пайвандони Рустам мегӯянд, ӯ ягон маротиба ҷиноят накардааст ва барои аввалин бор он ҳам аз беэҳтиётӣ рух додани ҳодисаро ба инобат гирифта, суд мебоист ҷазои сабуктар аз ҳабсро татбиқ мекард.
Ҷабрдида Зӯҳро, ҳам дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки баъди ҳодиса Рустам ӯро хост ба беморхона барад, вале ӯ худаш рад кард. Аммо бо ин вуҷуд ҳамаи хароҷоташро, ки танҳо дандонаш осеб дида буд, пардохтааст: “Ман сидқан мехоҳам, Рустам озод шавад, ягон даъво надорам. Рустам мисли дигарон, ки ҷиноят мекунад, зада фирор накардааст. Балки худаш маро аз замин хезонида бахшиш пурсид”.
Аслан як чизи дигар ҷониби ҷавобгарро нороҳат кардааст, ки чаро мақомоти милитсия баъди 2 моҳи ҳодиса ба таҳқиқи он машғул шуданд? Ҳол он ки касе дар ин бора шикоят накардааст. Хешовандони Рустамҷон айни ҳол аз болои ҳалномаи мазкур ба суди болоӣ шикояти кассатсионӣ оварда, умед бар он доранд, ки судҳои зинаи болоӣ адолатро барқарор мекунанд.
Хуршед Фозил,
СССР, Панҷакент